Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА ХУДО НАЗДИК ШАВЕД

«Яҳува шуморо бо омодагӣ бахшидааст»

«Яҳува шуморо бо омодагӣ бахшидааст»

«Касе, ки дигаронро бахшида наметавонад, ӯ гӯё кӯпрукеро, ки худаш бояд аз он гузарад, мешиканад». Ин суханони таърихчии бритонии асри 17 Эдвард Ҳерберт мебошанд. Бо ин суханон ӯ як сабаби бахшидани дигаронро қайд мекунад: як рӯз не як рӯз ба худи мо лозим меояд, ки аз дигарон бахшиш пурсем (Мат. 7:12). Лекин барои бахшидан сабаби боз ҳам муҳимтаре вуҷуд дорад. Ба суханони Павлус, ки ба ҷамъомади шаҳри Қӯлассо навишта буд, аҳамият диҳед. Ӯ гуфт: «Пайваста ба ҳамдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед, агар касе аз дигаре барои ранҷидан сабаб дошта бошад. Чӣ тавре ки Яҳува шуморо бо омодагӣ бахшидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯл. 3:13, ТДН).

Азбаски ҳамаи мо нокомил ҳастем, мо баъзан метавонем дигаронро ба хашм орем ё ин ки хафа кунем ва онҳо низ бо мо чунин карда метавонанд (Рум. 3:23). Чӣ тавр мо бо дигар одамони нокомил сулҳу осоиштагиро нигоҳ дошта метавонем? Зери илҳоми Худо Павлус ба мо маслиҳат медиҳад, ки пуртоқат ва бахшанда бошем. Ин маслиҳати ӯ чӣ хеле ки қариб ду ҳазор сол пеш, ҳангоми навишта шуданаш манфиатнок буд, имрӯз низ чунин аст. Биёед онро чуқуртар дида бароем.

«Пайваста ба ҳамдигар пурсабр бошед». Ибораи «пайваста ... пурсабр бошед» аз калимаи юноние тарҷума шудааст, ки маънояш пуртоқат будан ё ин ки худдорӣ намудан мебошад. Дар як маълумотномае гуфта мешавад, ки масеҳиён ин хислатро тавассути «бо омодагӣ тоқат кардани шахсоне, ки камбудӣ ё ягон хислати нофорамашон онҳоро ба хашм меорад» зоҳир мекунанд. Ибораи «ба ҳамдигар» бошад, нишон медиҳад, ки чунин пуртоқатӣ бояд аз ҷониби ду кас зоҳир гардад. Яъне вақте мо дар хотир медорем, ки ин ё он хислати мо метавонад дигаронро ба хашм орад, он гоҳ мо намегузорем, то ягон хислати на он қадар хуби дигарон сулҳу осоиштагии байни моро вайрон кунад. Аммо агар касе ба муқобили мо гуноҳ кунад-чӣ?

«Пайваста... якдигарро бо омодагӣ бахшед». Аз рӯи гуфти як олим калимаи юноние, ки «бо омодагӣ бахшед» тарҷума шудааст, «калимаи муқаррарӣ барои ифода кардани авф намудан ё бахшидан нест... балки он калимаест, ки мазмуни бой дошта, маънои меҳрубонона авф карданро дар бар мегирад». Дар як сарчашмаи дигаре гуфта мешавад, ки ин калима маънои «ягон некӣ кардан, зоҳир кардани илтифот ё расондани фоида»-ро дошта метавонад. Мо меҳрубониамонро тавассути бо омодагӣ бахшиданамон нишон медиҳем — ҳатто «агар касе аз дигаре барои ранҷидан сабаб дошта бошад» ҳам. Ба ҳар ҳол, чаро ба мо лозим аст, ки ба шахсе, ки моро хафа мекунад, чунин илтифот зоҳир кунем? Яке аз сабабҳо дар он аст, ки шояд вақте мерасад, ки худи мо ба бахшиши ӯ мӯҳтоҷ мешавем.

«Чӣ тавре ки Яҳува шуморо бо омодагӣ бахшидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед». Яке аз сабабҳои муҳимтарин, ки чаро мо бояд дигаронро бахшем ин аст: Яҳува Худо моро бо омодагӣ мебахшад (Мик. 7:18). Лаҳзае оиди илтифоти бузурге, ки Яҳува ба гунаҳкорони тавбакарда зоҳир мекунад, фикр намоед. Баръакси мо Яҳува комил аст ва Ӯ ҳеҷ гоҳ гуноҳ намекунад. Ба ҳар ҳол, ӯ гунаҳкорони тавбакардаро бо омодагӣ ва пурра мебахшад, гарчанд медонад, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ ба бахшиши онҳо мӯҳтоҷ намешавад. Дар ҳақиқат, Яҳува намунаи беҳтарин аст дар омодагӣ бахшидани гунаҳкорони тавбакарда!

Яҳува намунаи беҳтарин аст дар омодагӣ бахшидани гунаҳкорони тавбакарда!

Раҳмдилии Яҳува моро ба Ӯ наздик мекунад ва бармеангезад, ки ба Ӯ пайравӣ намоем (Эфс. 4:32–5:1). Хуб мебуд, агар аз худ бипурсем: «Агар Яҳува маро бо чунин меҳрубонӣ бахшад, пас чаро ман наметавонам шахси мисли худ нокомилро, ки аз гуноҳи нисбати ман кардааш самимона пушаймон аст, бахшам?» (Луқ. 17:3, 4).