Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Вақте Ирмиё гуфт, ки Роҳел барои писаронаш гиря мекунад, ӯ чиро дар назар дошт?

Дар Ирмиё 31:15 мо мехонем: «Худованд чунин мегӯяд: “Овозе дар Ромо шунида шуд, садои нола ва гиряи талх: Роҳел барои фарзандони худ гиря мекунад; барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад, зеро ки онҳо нестанд”».

Лекин мо медонем, ки ду писари Роҳел пеш аз ӯ вафот накарда буданд. Пас, суханони Ирмиё, ки 1000 сол пас аз марги Роҳел гуфта буд, ба назар нодуруст намуда метавонанд.

Писари калонии Роҳел Юсуф буд (Ҳас. 30:22–24). Баъдтар ӯ писари дуюмаш Бинёминро таваллуд карда вафот кард. Пас, шояд дар мо саволе пайдо шавад: чаро дар Ирмиё 31:15 гуфта шудааст, ки Роҳел барои писаронаш, ки «нестанд», гиря мекунад?

Юсуф ду писар дошт: Менашше ва Эфроим (Ҳас. 41:50–52; 48:13–20). Қавме ки аз насли Эфроим ба миён омад, дар байни қавмҳои салтанати шимолии Исроил қавми барҷастаю намоён гардид ва даҳ сибти Исроил бо номи ӯ хонда шуданд. Лекин қавме ки аз писари дуюми Роҳел Бинёмин ба миён омада буд, қисми салтанати ҷанубии Яҳудоро ташкил медод. Пас, гуфтан мумкин аст, ки Роҳел рамзи тамоми модарони Исроил, ҳам салтанати шимолӣ ва ҳам ҷанубӣ, буд.

Дар вақти навишта шудани китоби Ирмиё салтанати шимолии Исроил аллакай аз тарафи ашшуриён забт карда шуда буд ва сокинони зиёди он ба асирӣ бурда шуданд. Лекин баъзе касон аз насли Эфроим шояд ба Яҳудо гурехта буданд. Соли 607-и то эраи мо бобилиён салтанати ҷанубии дусибтаи Яҳудоро забт карданд ва одамонро ба ғуломӣ бурданд. Бисёри ғуломонро ба шаҳри Ромо бурданд, ки он дар масофаи 8 километр дуртар, дар шимоли Ерусалим ҷойгир буд (Ирм. 40:1). Шояд баъзеҳо дар замини Бинёмин, дар ҷое ки Роҳелро гӯрониданд, кушта шуданд (1 Подш. 10:2). Пас, барои писаронаш навҳа намудани Роҳел ба навҳаи рамзии ӯ барои сибти Бинёмин ва ё махсусан онҳое ки дар Ромо мурда буданд, ишора карда метавонад. Ҳамчунин суханони Ирмиё ба он ишора карда метавонанд, ки чӣ тавр ҳамаи модарони исроилӣ барои марг ё дар ғуломӣ қарор доштани халқи Худо гиряву нола мекарданд.

Чи хеле ки набошад, ин гуфтаҳои Ирмиё оиди навҳаи Роҳел барои писаронаш пешгӯӣ буданд. Он ба ҳодисае ки садҳо сол баъдтар ҳангоми хурдсол будани Исо рӯй дод, ишора мекунад. Шоҳ Ҳиродус фармуд, ки ҳамаи писарбачагони синнашон то дусоларо дар Байт-Лаҳм, ки он дар қисми ҷанубии Ерусалим ҷойгир буд, бикушанд. Пас, тасаввур кунед, ки то чӣ андоза дилрешкунанда буд, садои модароне ки фарзандонашонро аз даст доданд. Нолаи онҳо гӯё чунон баланд буд, ки садои он ҳатто ба худи Ромо, ки дар шимоли Ерусалим буд, мерасид (Мат. 2:16–18).

Аз ин рӯ ҳам дар замони Ирмиё ва ҳам дар замони Исо ибораи «гиря»-и Роҳел «барои фарзандони худ» ба дарду алами модарони яҳудӣ ҳангоми кушта шудани фарзандонашон ишора мекунад. Албатта, онҳое ки ба «замини душман» рафтанд, яъне дар хоканд, ҳангоми эҳёи мурдагон баргашта метавонанд (Ирм. 31:16; 1 Қӯр. 15:26).