Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо фикратонро дигар мекунед?

Оё шумо фикратонро дигар мекунед?

ГУРӮҲИ Шоҳидони ҷавон мефаҳмад, ки дар кинотеатр филми наве намоиш дода мешавад. Бисёри ҳамсинфонашон аллакай ба тамошои он рафтанду онро хеле таъриф мекунанд. Вақте онҳо ба театр рафтанд ва ба эълонномаи филм нигоҳ карданд, дар он яроқҳои калони ҷангӣ ва зани либоси кушоду бешармона пӯшидаро диданд. Ин ҷавонон чӣ кор хоҳанд кард? Оё онҳо ба тамошои ин филм мераванд?

Ҳар рӯз мо қарорҳое қабул мекунем, ки метавонанд ба муносибати мову Яҳува таъсири хуб ё бад расонанд. Фарз кардем, ки шумо кореро карданиед, лекин каме андеша ронда аз фикратон мегардед. Оё фикри худро дигар кардан нишонаи сустист ва ё баъзан ин бамаврид буда метавонад?

Вақте ки мо набояд фикрамонро дигар кунем

Муҳаббат ба Яҳува моро барангехт, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшем ва таъмид гирем. Мо аз таҳти дил мехоҳем, ки ба Худо содиқ бимонем. Лекин душмани мо Шайтон Иблис беайбиамонро шикастан мехоҳад (Ваҳй 12:17). Мо қарор қабул карда будем, ки хизматгори Яҳува мешавем ва аҳкомҳои Ӯро риоя мекунем. Агар ин қарорамонро дигар кунем, мо ҳаётамонро аз даст дода метавонем.

Зиёда аз 26 аср пеш шоҳи Бобил Набукаднесар ҳайкали бузурги тиллоие сохт ва ба ҳама фармуд, ки ба зону афтода ба вай саҷда кунанд. Ва ҳар кӣ аз иҷрои ин амр саркашӣ мекард, ба кӯраи оташин партофта мешуд. Се ҷавони худотарс — Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба ҳайкал саҷда накарданд, барои ҳамин онҳо ба кӯраи оташин партофта шуданд. Онҳоро Яҳува ба таври мӯъҷиза наҷот дод. Ин ҷавонон маргро аз беитоатӣ ба Худо авлотар донистанд (Дон. 3:1–27).

Чанде пас аз ин воқеа Дониёл-пайғамбар фаҳмид, ки агар дигарон ба Худо дуо гуфтанашро бинанд, ӯ ба чоҳи шерон партофта мешавад ва бо марги пурдаҳшат мемирад. Лекин ӯ аз рӯи одат рӯзе се бор дуо гуфт. Дар мавриди хизмат кардан ба Худои ҳақиқӣ фикри ӯ дигар нашуд. Дар натиҷа пайғамбар «аз панҷаи шерон» раҳо шуд (Дон. 6:1–27).

Ходимони имрӯзаи Худо низ мувофиқи ваъдае ки ҳангоми ба Яҳува бахшида шуданашон дода буданд, зиндагӣ мекунанд. Дар яке аз мактабҳои Африқо гурӯҳи талабагоне ки Шоҳиди Яҳува буданд, аз парастиши нишони давлат даст кашиданд. Чанде баъд вазири маориф ба мактаб ташриф овард ва бо баъзе аз ин Шоҳидони ҷавон сӯҳбат кард. Онҳо боадабона ва ҳамзамон нотарсона дар бораи эътиқодашон ба вазир гап заданд. Аз он вақт инҷониб ин савол дигар бардошта нашуд. Акнун онҳо бемалол ба мактаб мерафтанд, дигар касе ба онҳо фишор намеовард.

Мисоли Ҷозефро, ки ҳамсараш аз бемории саратон вафот кард, дида мебароем. Оилаи Ҷозеф бо ақидаҳои динии ӯ шинос буданд ва мавқеи ӯро эҳтиром мекарданд. Лекин хешовандони занаш дар ҳақиқат набуданд ва мехостанд, ки ҳамсарашро мувофиқи урфу одатҳои ба Худо номақбул ба хок супоранд. Ҷозеф мегӯяд: «Азбаски ман фикрамро дигар накардам, онҳо кӯшиш карданд, ки ба фарзандонам таъсир кунанд, лекин ҳамаи онҳо устувор монданд. Баъди ин онҳо боз хостанд, ки дар хонаи ман маросими ёдбуд ташкил кунанд. Ман гуфтам, ки онҳо метавонанд ин корро дар куҷое ки хоҳанд кунанд, аммо на дар хонаи ман. Хешовандон медонистанд, ки ин маросим бар зидди ақидаи динии ману завҷаам аст, барои ҳамин баъди сӯҳбатҳои дуру дароз онҳо маросимро дар ҷои дигар гузарониданд».

Дар он лаҳзаҳои душвору ғамангез ман аз Яҳува зориву илтиҷо мекардам, ки ба оилаи мо ёрдам кунад, то қонунҳои Ӯро нашиканем. Ӯ ба дуоҳои ман гӯш дод ва барои тоб овардан ба фишорҳо кӯмак расонд. Дар ин маврид Ҷозеф ва фарзандонаш қарори худро дигар карданӣ набуданд, ин ҳатто ба гӯшаи хаёли онҳо наомада буд!

Вақте ки мо метавонем фикрамонро дигар кунем

Чанде пас аз иди Фисҳи с. 32-и эраи мо зани ғайрияҳудие аз Исо хоҳиш кард, ки девро аз духтараш берун созад. Ҳарчанд зан гаштаву баргашта илтимос мекард, Исо ба вай ҷавоб намедод. Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам». Зан боз хоҳиш кардан гирифт ва Исо ба вай гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». Зан бо имони бузург ҷавоб дод: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд». Исо фикрашро дигар кард ва девро аз духтари зан берун сохт (Мат. 15:21–28).

Бо ин кораш Исо ба Падараш пайравӣ намуд, чунки вақте ки вазъият имкон медиҳад, Яҳува тайёр аст қарорашро дигар кунад. Масалан, вақте исроилиён гӯсолаи тиллоӣ сохтанд, Худо қарор баровард, ки онҳоро несту нобуд мекунад. Лекин вақте Мусо зориву илтиҷо кард, Ӯ аз ин фикраш гашт (Хур. 32:7–14).

Павлуси расул ба Яҳува ва Исо пайравӣ мекард. Ҳангоми сафари якуми миссионериаш Марқӯс ӯро тарк кард. Аз ин сабаб Павлус намехост, ки аз ин пас ӯро ҳамроҳаш гирад. Дертар бошад, Павлус дарк намуд, ки Марқӯс баркамол шудааст ва барояш ёрдамчии хуб буда метавонад. Бинобар ин ӯ ба Тимотиюс гуфт: «Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст» (2 Тим. 4:11).

Мо аз ин мисолҳо барои худ чӣ дарс мегирем? Ҳарчанд Яҳува комил аст, Ӯ бо омодагӣ фикрашро дигар мекунад, зеро дилсӯз, пурсабр ва меҳрубон аст. Мо комил нестем ва бисёр вақт ба ин ё он вазъият баҳои дуруст дода наметавонем. Пас, ба мо, одамони нокомил, бештар лозим аст, ки баъзан фикрамонро дигар кунем. Шояд агар бо вазъияти дигарон беҳтар шинос шавем, мо муносибатамонро нисбати онҳо дигар мекунем.

Мумкин баъзан ба мо лозим ояд, ки назарамонро нисбати мақсадҳои рӯҳониамон дигар кунем. Баъзеҳо Китоби Муқаддас меомӯзанд, ба вохӯриҳо ташриф меоранд, лекин онҳо фикри таъмидгириро ба қафо мепартоянд. Ва ё дигарон шароит доранд, ки чун пешрав хизмат кунанд, лекин ба ин ҷуръат намекунанд. Баъзеи дигар бошанд, барои чун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хизмат кардан кӯшиш намекунанд (1 Тим. 3:1). Оё шахсан шумо ягон вақт дар чунин вазъият будед? Оё ба шумо лозим аст, ки фикратонро дигар кунед? Яҳува шуморо даъват мекунад, ки чунин имкониятҳоро «бичашед» ва аз хизмат кардан ба Ӯ ва дигарон хурсандӣ гиред.

Дигар кардани рӯҳия метавонад баракат орад

Элла ном хоҳар дар бораи хизматаш дар Байт-Или Африқо чунин мегӯяд: «Вақте бори аввал ба Байт-Ил омадам, ман намедонистам, ки дар ин ҷо дурудароз хизмат карда метавонам ё не. Ман хоҳиш доштам, ки ба Яҳува аз таҳти дил хизмат кунам, лекин ҳамзамон ҳушу хаёлам ба оилаамон буд. Вақтҳои аввал маро зуд-зуд хумори хонаамон мегирифт! Лекин ҳамхонаам маро дилбардорӣ мекард, барои ҳамин ман қарор додам, ки хизмати худро давом диҳам. Ҳоло аллакай даҳ сол мешавад, ки дар Байт-Ил хизмат мекунам ва ман мехоҳам, ки дар ин намуди хизмат бимонам ва ба бародару хоҳаронам хизмат карданро давом диҳам».

Вақте ки мо бояд фикрамонро дигар кунем

Оё дар хотир доред, ки чӣ тавр Қобил ба бародараш ҳасад бурда аз ӯ дарғазаб шуд? Худо фаҳмид, ки Қобил ба роҳи нодуруст рафта истодааст ва ӯро огоҳ кард, ки хашму ғазабашро идора кунад. Худо гуфт, ки «гуноҳ дар сари остона аст». Қобил метавонист аз фикри бадаш гардад, лекин ӯ дидаву дониста маслиҳати Худоро рад кард. Оқибат Қобил бародарашро кушт ва ҳамин тавр аввалин қотил гардид (Ҳас. 4:2–8).

Чӣ мешуд, агар Қобил аз фикраш мегашт?

Биёед ҳамчунин мисоли шоҳ Узиёро дида мебароем. Дар аввал ӯ дар назари Яҳува росткор буд ва доимо роҳнамоии Ӯро меҷуст. Лекин сад афсӯс, ки бо гузашти вақт Узиё мағруру ҳавобаланд шуд ва муносибаташро бо Худо вайрон кард. Ҳарчанд ӯ коҳин набуд, ӯ худсарона ба маъбад даромад ва хост, ки бухур сӯзонад. Коҳинон ӯро огоҳ карданд, ки ин корро накунад. Оё ӯ ба гапи коҳинон гӯш дод? Не. Узиё «дарғазаб шуд» ва ба огоҳии онҳо аҳамият надод. Барои ин кораш Яҳува ӯро ба махав гирифтор кард (2 Вақ. 26:3–5, 16–20).

Аз ин мисол мефаҳмем, ки мавридҳое ҳастанд, ки мо бояд фикрамонро пурра дигар кунем. Мисолеро аз рӯзҳои худамон дида мебароем. Бародаре бо номи Жакем соли 1955 таъмид гирифта буд, лекин соли 1978 аз ҷамъомад хориҷ шуд. Тақрибан 20 сол пас ӯ рӯҳияашро дигар кард, тавба кард ва ба ҳақиқат баргашт. Як пири ҷамъомад аз ӯ пурсид, ки барои чӣ ӯ барвақттар барнагашт. Жакем гуфт: «Ман бадхашм ва мағрур будам. Ман пушаймонам, ки барои чӣ барвақттар барнагаштам. Ҳарчанд он вақт дар ҷамъомад набудам, ман дарк мекардам, ки Шоҳидони Яҳува ҳақиқатро таълим медиҳанд». Ӯ бояд рӯҳияашро дигар мекард ва аз кардааш пушаймон мешуд.

Шояд баъзан ба мо низ лозим ояд, ки рӯҳия ва тарзи рафторамонро дигаргун созем. Вақте мо ба кардани ин кор омодаем, дили Яҳува аз ин шод мешавад (Заб. 33:9).