Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХОНАНДАГОНИ МО САВОЛ МЕДИҲАНД...

Чаро Худо ба зулму ситам роҳ медиҳад?

Чаро Худо ба зулму ситам роҳ медиҳад?

Дар Китоби Муқаддас оиди он ки чӣ тавр шахсони соҳибқудрат зердастони худро азоб медоданд, баъзе воқеаҳои ғамангез навишта шудаанд. Яке аз ин воқеаҳо мисоли Нобӯт мебошад. Аҳъоб, ки дар асри даҳи то эраи мо подшоҳи Исроил буд, бо ёрии занаш Изобал Нобӯт ва писарони ӯро кушт ва токзори ӯро соҳиб шуд (3 Подш. 21:1–16; 4 Подш. 9:26). Чаро Худо ба чунин зулму ситам роҳ медиҳад?

Биёед як ҳақиқати муҳимро ба хотир меорем: Худо дурӯғ намегӯяд (Тит. 1:2). Чӣ тавр ин фикр бо зулму зӯроварӣ алоқаманд аст? Дар аввали таърихи инсоният Худо одамонро огоҳ кард, ки агар ба муқобили Ӯ бароянд, ҳатман хоҳанд мурд. Суханони Худо ҳақ баромаданд ва аз исён дар боғи Адан сар карда марг душмани ногузири одамон гардид. Аз он воқеа дере нагузашта марги аввалин инсон рӯй дод, ки он натиҷаи зӯроварӣ, яъне қатл шудани Ҳобил аз тарафи бародараш Қобил буд (Ҳас. 2:16, 17; 4:8).

Аз он замон сар карда то имрӯз таърихи инсониятро бо як ояти Китоби Муқаддас тасвир кардан мумкин аст: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Оё ин суханон ростанд? Боре Яҳува халқи Исроилро огоҳ кард, ки подшоҳ онҳоро азоб дода истисмор хоҳад кард ва он гоҳ онҳо ба назди Яҳува фарёд хоҳанд кард (1 Подш. 8:11–18). Ҳатто подшоҳи хирадманд Сулаймон бар дӯши халқаш андозҳои гарон бор мекард (3 Подш. 11:43; 12:3, 4). Подшоҳони бадкирдор ба монанди Оҳоб бошанд, боз ҳам золимтар буданд. Агар Худо тамоми ин бадкориро бартараф мекард, оё ин исботи он намебуд, ки ҳама суханони Ӯ дурӯғанд?

Боз як чизи дигарро ба назар гирифтан лозим аст. Шайтон хизматгорони Худоро айбдор мекунад, ки онҳо ба Худо танҳо барои фоидаи худашон ибодат мекунанд (Айюб 1:9, 10; 2:4). Агар Худо ходимонашро аз ҳар зулму зӯроварӣ халос мекард, оё ин ба суханони Шайтон асос намедод? Ва агар Худо ҳар шахсро аз ҳар як зулму зӯроварӣ раҳо мекард, пас оё ӯ дурӯғи аз ин ҳам зиёдтареро дастгирӣ намекард? Зеро дар зери чунин муҳофизат бисёриҳо фикр карда метавонистанд, ки бе Худо ҳам зиндагӣ карда метавонанд. Лекин Каломи Худо ин фикрро тасдиқ намекунад. Баръакс, он мегӯяд, ки одам чунин қобилият надорад, ки бар одамони дигар ҳукмронӣ кунад (Ирм. 10:23). Танҳо Салтанати Худо ба беинсофӣ хотима мебахшад!

Оё ин маънои онро дорад, ки Худо нисбати зулму ситам тамоман бепарвост? Не. Ду мавридро дида мебароем. Якум, Яҳува чӣ будани зӯровариро ошкор мекунад. Масалан, Каломи Худо суиқасди Изобалро пурра фош кард. Ҳамчунин Китоби Муқаддас сабабгори ҳама зулму зӯровариро, ки мехоҳад кӣ будани худро пинҳон кунад, ошкор месозад. Он шахс ҳокими қудратманд Шайтон Иблис мебошад (Юҳ. 14:30; 2 Қӯр. 11:14). Ба ғайр аз ошкор кардани худи зулму бадӣ ва сарчашмаи он, Худованд ҳамчунин ба мо кӯмак мерасонад, ки аз бадӣ дур шавем. Бо ин Ӯ ҳаёти ояндаи абадиамонро муҳофизат мекунад.

Боз Ӯ ба мо умед мебахшад, ки ба наздикӣ мо аз зулму азоб халос мешавем. Яҳува дар вақташ кори Аҳъоб ва Изобалро ошкор кард, доварӣ намуд ва баъд онҳоро ҷазо дод. Ин ва дигар мисолҳои зиёди ба ин монанд нишон медиҳанд, ки Ӯ ваъдаашро иҷро мекунад ва як рӯз не як рӯз бадкирдоронро ҷазо медиҳад (Заб. 51:1–7). Яҳува ваъда медиҳад, ки Ӯ ба қарибӣ дӯстдоронашро аз оқибатҳои бади зулму ситам раҳо месозад. Дар он замон Нобӯти росткор ҳамроҳи фарзандонаш дар Биҳишти рӯи замин, ки дар он ноинсофӣ дигар намешавад, беохир зиндагӣ хоҳад кард (Заб. 36:34).

«Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).

«Худо... наметавонад дурӯғ бигӯяд» (Тит. 1:2).