Гузаштан ба маводи асосӣ

Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад

Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад

Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад

Чӣ тавр ҷавонзане, ки дар кӯдакӣ ҳаёти талх дошт, маънои зиндагиро пайдо кард? Чӣ ба шӯришгари сиёсӣ ва бераҳм кумак намуд, ки шахси сулҳҷӯй шаваду ба одамон хушхабарро расонад? Саргузаштҳои зеринро хонда, ба ин саволҳо ҷавоб ёбед.

«Ман ташнаи меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ будам» (ИННА ЛЕЖНИНА)

СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1981

МАМЛАКАТ: РУСИЯ

ДАР ГУЗАШТА: КӮДАКИИ ТАЛХ ДОШТ

ТАРҶУМАИ ҲОЛ Ман мисли волидонам ношунаво таваллуд шудам. То 6-солагиям ҳаёти хушу хурсандона доштам, вале баъд волидонам аз ҳам ҷудо шуданд. Кӯдак бошам ҳам, чӣ будани ҷудошавиро мефаҳмидам, аз ин рӯ дар дил алами зиёд доштам. Модарам маро гирифта ба Челябинск кӯчид, падараму бародарам дар Троитск монданд. Бо гузашти вақт модарам аз нав хонадор шуд. Падарандарам арақхӯр буд ва ману модарамро мезад.

Соли 1993 бародари азизам ғарқ шуду аз олам гузашт. Ин бадбахтие, ки ба сари оилаамон омад, модарамро аз по афтонд. Ӯ ҳам мисли падарандарам ба арақхӯрӣ дода шуда, маро рӯзи хуш намедод. Вале ман ҳаёти беҳтарро орзу мекардаму ташнаи меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ будам. Аз ин рӯ ба калисоҳои гуногун мерафтам, то дилам тасаллӣ ёбад, вале ҳамааш бефоида буд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ МАРО ДИГАРГУН КАРД. Дар 13-солагиям як ҳамсинфам, ки Шоҳиди Яҳува буд, ба ман баъзе воқеаҳои Китоби Муқаддасро нақл кард. Ба ман саргузашти қаҳрамонони он, ба монанди Нӯҳ ва Айюб, ки ба вазъиятҳои душвор нигоҳ накарда хизмати Худоро ба ҷо меоварданд, маъқул буд. Дере нагузашта ман бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда, ба вохӯриҳояшон рафтан гирифтам.

Ҳангоми омӯзиш ман бисёр ҳақиқатҳои бебаҳои Китоби Муқаддасро фаҳмидам. Шунидани номи Худо ба дилам таъсир кард (Забур 83:18). Дар ҳайрат мондам, ки чӣ тавр дар Китоби Муқаддас аниқу дақиқ вазъу шароити «рӯзҳои охир» пешгӯйӣ шудааст (2 Тимотиюс 3:1–5). Вақте ман дар бораи умеди зиндашавӣ фаҳмидам, дилам лабрези шодӣ гашт. Тасаввур мекунед, ман боз бародарамро мебинам! (Юҳанно 5:28, 29).

Лекин на ҳама ба хурсандиям шарик буданд. Ба модараму падарандарам Шоҳидони Яҳува намефориданд. Аз ин рӯ онҳо маро маҷбур мекарданд, ки омӯзишро бас кунам. Азбаски омӯзиш ба ман сахт маъқул буд, ба гапашон эътибор намедодам.

Росташ, ба фишори онҳо тоб овардан осон набуд. Ба болои ҳамаи ин додарам низ, ки бо ман ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува мерафт, ғарқ шуд. Дар он лаҳзаҳо бародару хоҳарон ҳама вақт дар барам буданд. Онҳо маро бо меҳру муҳаббат ва ғамхорие, ки як умр дар орзуяш будам, иҳота карданд. Ман дарк кардам, ки ин дини ҳақиқӣ аст ва соли 1996 таъмид гирифтам.

ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ. Шаш сол пеш ман бо Дмитрий, ки беҳад инсони хуб аст, хонадор шудам. Мо якҷоя дар филиали Шоҳидони Яҳува, дар Санкт-Петербург, хизмат мекунем. Ҳоло муносибати волидонам низ ба эътиқоди ман беҳтар шуд.

Сад шукр, ки Яҳуваро шинохтам! Ӯ ҳаётамро воқеан ҳам пурмаъно гардонд.

«Саволҳои зиёде маро ором намегузоштанд» (РАУДЕЛ РОДРИГЕС РОДРИГЕС)

СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1959

МАМЛАКАТ: КУБА

ДАР ГУЗАШТА: ШӮРИШГАРИ СИЁСӢ

ТАРҶУМАИ ҲОЛ. Ман дар Ҳавана, пойтахти Куба, таваллуд шудам ва дар минтақаи камбағале ба воя расидам, ки кашмакашу занозанӣ дар кӯча як чизи муқаррарӣ буд. Калонтар шуда, ба ҷудо (дзюдо) ва дигар хел варзишҳои ҷангӣ шавқ пайдо кардам.

Ман талабаи аълохон будам, барои ҳамин волидонам ба ман гуфтанд, ки ба донишгоҳ дохил шавам. Дар рафти таҳсил гумон кардам, ки сиёсати давлати мо ба тағйирот зарурат дорад. Аз ин рӯ шӯриш бардоштам. Ману ҳамкурсам ба як корманди полис ҳамла карда, яроқашро дуздиданӣ шудем. Дар вақти занозанӣ ба сари ӯ ҷароҳати вазнин расондем. Барои ин корамон моро ҳабс намуда, ҳукми қатл доданд. Ман ҳамагӣ 20 сол доштам. Эҳ вой, наход ки ҷавонмарг шавам?!

Тани танҳо дар пушти панҷара нишаста тасаввур мекардам, ки ҳангоми ба ман тир паронданашон чӣ хел рафтор мекунам. Намехостам, ки касе тарсамро бинад. Ҳамзамон, саволҳои зиёде маро ором намегузоштанд. Ман намефаҳмидам, ки чаро ин дунё пур аз беадолатист. Оё пас аз марг ҳаёт вуҷуд дорад?

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ МАРО ДИГАРГУН КАРД. Ҳукми қатли моро ба 30 соли маҳбас иваз карданд. Ҳамон вақт ман бо чанд нафар Шоҳиди Яҳува шинос шудам, ки барои эътиқодашон дар ҳабс буданд. Ман ҳайрон будам, ки чӣ хел онҳо одамони далер, вале ҳамзамон сулҳҷӯянд. Ноҳақ зиндон шуда бошанд ҳам, ба хашм омада қасд намегирифтанд.

Шоҳидони Яҳува ба ман нияти Худоро нисбати одамизод фаҳмонданд. Онҳо аз Китоби Муқаддас нишон доданд, ки Худо замини моро ба биҳишт табдил дода, ҷинояткориву беадолатиро аз байн мебарад. Ман фаҳмидам, ки дар рӯйи замин фақат одамони хуб мемонанд ва аз шароити зиндагии арзандаву шоиста то абад баҳра мебаранд (Забур 37:29).

Чизҳои омӯхтаам ба ман бениҳоят маъқул буданд, лекин мисли онҳо шудан ба назарам амри маҳол метофт. Фикр мекардам, ки бетарафии сиёсиро нигоҳ дошта наметавонам, ё агар ба як тарафи рӯям шапалоқ зананд, ман аниқ тарафи дигари рӯямро гардонда наметавонам. Барои ҳамин азм кардам, ки худам пурра Китоби Муқаддасро хонам. Китобро тамом карда, ба хулосае омадам, ки танҳо Шоҳидони Яҳува мисли масеҳиёни асри як зиндагӣ мекунанд.

Китоби Муқаддасро омӯзиш карда, ман дарк намудам, ки бояд аз бисёр ҷиҳат ҳаётамро дигар кунам. Масалан, ба ман лозим буд, ки сигор кашиданро бас кунам, одати ҳақорат карданро партоям ва ба сиёсат дигар дахолат накунам. Албатта ин осон набуд, лекин бо кумаки дастгирии Яҳува ман оҳиста-оҳиста муваффақ шудам.

Аз ҳама мушкил бароям фурӯ нишондани қаҳру ғазаб буд. Ман то ҳол аз Яҳува худдорӣ мепурсам. Ба ман оятҳои Китоби Муқаддас ба монанди Панднома 16:32 беҳад ёрӣ мерасонанд. Дар он гуфта мешавад: «Пурсабр беҳ аз пурзӯр ва одами вазнин беҳ аз ҷаҳонгир».

Соли 1991 ман дар зиндон, дар бочкаи пур аз об, таъмид гирифтам. Як сол пасаш баъзе аз маҳбусонро, ки ман ҳам дар байнашон будам, озод карданд. Азбаски хешу табори мо дар Испания зиндагӣ мекарданд, моро ба он ҷо гусел намуданд. Ба Испания расидан замон, ман ба вохӯрии Шоҳидони Яҳува рафтам. Онҳо маро чун шиноси деринаашон нағз пешвоз гирифта, кумак карданд, ки ҳаёти навро оғоз кунам.

ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ. Ҳоло ман инсони хушбахт ҳастам ва ҳамроҳи занаму ду духтарам ба Худо хизмат мекунам. Шодам, ки бештари вақти худро барои таълим додани дигарон сарф мекунам. Баъзан ман он бачаеро, ки қариб буд ҷавонмарг шавад, ба ёд меорам ва шукр мегӯям, ки дар ҳаёт ба бисёр муроду мақсадҳоям расидам. Ман на танҳо зиндаву саломатам, балки ба оянда умед дорам. Бесаброна биҳишти ваъдакардаи Худоро, замонеро, ки беадолатӣ ва «марг дигар намешавад», интизорам (Ошкорсозӣ 21:3, 4).

[Тасвир дар саҳифаи 19]

«Шунидани номи Худо ба дилам таъсир кард»

[Тасвир дар саҳифаи 20]

Ману ҳамсарам ба ношунавоён адабиётамонро ба забони имову ишора пешниҳод карда истодаем.