БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба омӯзандагон кӯмак кунед, ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гиранд
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ? Агар омӯзанда хоҳад, ки Яҳува аз вай розӣ бошад, пас бояд ҳаёташро ба Ӯ бахшида таъмид гирад (1Пт 3:21). Яҳува онҳоеро ки мувофиқи ин ваъдаашон зиндагӣ мекунанд, аз зарари рӯҳонӣ нигоҳ медорад (Зб 90:1, 2). Бо таъмид гирифтанаш шахс ҳаёташро на ба ягон одам, кор ва ё ташкилот, балки ба Яҳува мебахшад. Барои ҳамин ба омӯзанда лозим аст, ки муҳаббат ва миннатдориашро нисбат ба Худо инкишоф диҳад (Рм 14:7, 8).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД?
-
Дар вақти омӯзиш бо омӯзанда муҳокима кунед, ки аз мавзӯи хондааш дар бораи Яҳува чӣ фаҳмид. Инчунин ӯро барангезед, то Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонад ва ба Яҳува «пайваста дуо» гӯяд (1Тс 5:17; Яқ 4:8).
-
Омӯзандаи худро барангезед, ки дар пеши худ мақсад монад, то худро ба Яҳува бахшида таъмид гирад. Инчунин ба ӯ кӯмак кунед, ки мақсадҳои хурд ба мисли дар ҷамъомадҳо шарҳ додан, ба хешу табор ва ҳамкорон шаҳодат додан, гузорад ва ба онҳо расида тавонад. Ин тавр ӯ худро барои таъмид тайёр карда метавонад. Дар хотир доред, ки Яҳува ҳеҷ касро маҷбур намекунад, ки ба Ӯ хизмат кунад. Худро ба Яҳува бахшидани омӯзанда бояд қарори худи ӯ бошад (ТкШ 30:19, 20).
-
Омӯзандаро барангезед, ки барои ба Яҳува маъқул шудан, дар ҳаёти худ тағйироти лозима дарорад ва ба талаботи Китоби Муқаддас барои таъмид ҷавобгӯ бошад (Мс 27:11). Шояд баъзе хислатҳо ва одатҳои нодуруст дар дили омӯзанда реша давонда бошанд. Барои ҳамин ӯ ҳамеша ба дастгирӣ ниёз дорад, то шахсияти кӯҳнаро аз худ дур карда, шахсияти навро дар бар кунад (Эф 4:22–24). Диққати ӯро ба бахши «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» аз «Бурҷи дидбонӣ» равона кунед ва барояш чунин мақолаҳоро дастрас кунед.
-
Ба омӯзанда дар бораи хурсандие ки шумо аз хизмат ба Яҳува мегиред, нақл кунед (Иш 48:17, 18).