Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маъракаи махсус барои паҳн кардани рисолаи «Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?» (Т-31) дар моҳи сентябр

Маъракаи махсус барои паҳн кардани рисолаи «Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?» (Т-31) дар моҳи сентябр

Бисёр одамон аз вазъияти ҷаҳон хавотиранд. Онҳо дар бораи ояндаашон фикр мекунанд. Мо метавонем ба онҳо ояти Ваҳй 21:4-ро нишон диҳем, то аз ваъдаи Китоби Муқаддас умед пайдо кунанд. Дар моҳи сентябр мо бо одамон дар асоси рисолаи «Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?» гап мезанем. Агар бамаврид бошад, метавонем ин рисоларо ба ҳамсӯҳбатамон диҳем (масалан, дар вақти яке аз боздидҳо).

ЧӢ ГУФТАН МУМКИН АСТ?

Вазъияти ҷаҳонро дида мо хоҳу нохоҳ ба худ савол медиҳем: «Оянда чӣ мешуда бошад?» Баъзеҳо мегӯянд, ки вазъият аз ин ҳам бад мешавад, баъзеи дигар мегӯянд, ки ҳамааш хуб мешавад. Дигарон мегӯянд, ки ҳамин хел мемонад. Шумо чӣ фикр доред? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Шумо шояд аз он хабаре ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, хурсанд шавед. [Ваҳй 21:4-ро хонед. Баъд аз ин диққати шахсро ба рисола равона созед.]

Агар шахс шавқ зоҳир кунад...

ВИДЕОНАВОРИ «ЧАРО КИТОБИ МУҚАДДАСРО БОЯД ОМӮХТ?»-РО НИШОН ДИҲЕД

Баъд омӯзиши Китоби Муқаддас пешкаш кунед.

БАРОИ БОЗДИД АСОС ГУЗОРЕД

Саволеро бардоред, ки дафъаи оянда ба он ҷавоб медиҳед. Масалан: «Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?»