БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳақиқатро таълим медиҳем
Аз моҳи сентябр сар карда дар «Ҳаёт ва хизмати мо» намунаи нав барои пешниҳод бо номи «Ҳақиқатро таълим диҳед» нашр мешавад. Бо кадом мақсад? Мо мехоҳем ба одамон дар бораи ҳақиқати Китоби Муқаддас гап занем.
Агар пай барем, ки ҳамсӯҳбатамон шавқ дорад, ба ӯ ягон адабиёт медиҳем ва ё аз сайтамон ягон видеонаворро нишон медиҳем. Мо бояд кӯшиш кунем, то ду-се рӯз нагузашта шахсро боздид кунем. Пешниҳоди нав ва супориши хонандаҳо дар фикрҳои асосии яке аз бобҳои китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» асос меёбад. Дар он ҷо ҳамчунин оятҳо ва саволҳои дигар ҳам оварда шудаанд. Онҳо ба мо ёрдам карда метавонанд, ки танҳо бо истифодаи Китоби Муқаддас боздид кунем ё омӯзиш гузаронем.
Фақат як роҳ вуҷуд дорад, ки сӯйи ҳаёт мебарад (Мт 7:13, 14). Дар хизмат мо бо одамони ҳар гуна миллату маданият ва эътиқодашон гуногун гап мезанем. Барои ҳамин бояд ҳар шахсро ба назар гирифта дар бораи ҳақиқати Китоби Муқаддасро тавре гап занем, ки ба шахс маъқул шавад (1Тм 2:4). Вақте мо дар мавзӯъҳои гуногуни Китоби Муқаддас гап мезанем, маҳоратамон зиёд мешавад. «Каломи ростиро дуруст мавъиза» карда, мо аз хизмат бештар хурсандӣ мегирем. Ҳамин тавр мо дар таълим додани ҳақиқат муваффақ мешавем (2Тм 2:15).