Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Исо барои бародарат низ ҷони худро дод

Исо барои бародарат низ ҷони худро дод

Исо ҷони худро барои одамони нокомил қурбон кард (Рм 5:8). Бешубҳа, ҳар яки мо ин қурбонии Исоро, ки аз рӯйи муҳаббат ба мо кард, қадр мекунем. Лекин баъзан мо бояд ба худ хотиррасон кунем, ки Исо на танҳо барои мо, балки барои ҳамимононамон низ ҷони худро додааст. Чӣ тавр мо ба бародару хоҳарон, ки мисли мо нокомиланд, муҳаббатамонро нишон дода метавонем? Биёед се роҳи онро дида бароем. Якум, бо бародару хоҳарони гуногун, аз он ҷумла, бо онҳое, ки маданияташон аз мо фарқ мекунанд, дӯстӣ кунем (Рм 15:7; 2Қр 6:12, 13). Дуюм, аз сухан ё рафторе, ки ба дигарон сахт мерасад, даргурез бошем (Рм 14:13–15). Ва сеюм, агар ягон кас моро хафа кунад, дарҳол бахшем (Лқ 17:3, 4; 23:34). Вақте мо аз таҳти дил саъю кӯшиш мекунем, ки бо ин тарзҳо ба Исо пайравӣ кунем, Яҳува ҷамъомадамонро баракат медиҳад ва дар он осоиштагиву ягонагӣ пойдор мегардад.

ВИДЕОНАВОРИ «БО ХИСЛАТҲОИ ЗЕБО ХУДРО ОРО ДИҲЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Дар аввал Мики нисбати аъзоёни ҷамъомадаш чӣ фикр дошт?

  • Чаро муносибати ӯ дигар шуд?

  • Чӣ тавр намунаи Исо ба Мики кӯмак кард, ки фикрашро дигар кунад? (Мқ 14:38)

  • Чӣ тавр суханони дар Масалҳо 19:11 овардашуда ба мо кӯмак мекунанд, ки ба ҳамимононамон назари дуруст дошта бошем?