БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Бо онҳое вақт гузаронед, ки Яҳуваро дӯст медоранд
Чаро мо бояд бо онҳое вақт гузаронем, ки Яҳуваро дӯст медоранд? Зеро касоне, ки мо ҳамроҳашон вақт мегузаронем, ба мо ё таъсири хуб мерасонанд ё таъсири бад (Мс 13:20). Масалан, шоҳ Еҳӯош то даме ки вақташро бо Еҳӯёдои саркоҳин мегузаронд, корҳоеро мекард, ки «дар назари Худованд мақбул» буданд (2Вқ 24:2). Вале баъди марги Еҳӯёдои коҳин, ӯ ба таъсири ёрони бад дода шуда, аз Яҳува рӯ гардонд (2Вқ 24:17–19).
Дар асри як, Павлуси расул ҷамъомади масеҳиёнро бо «хонаи калон» ва аъзои ҷамъомадро бошад, бо «зарфҳо»-и даруни хона монанд кард. Агар мо бо касе, ки Яҳуваро хафа мекунад, хоҳ ӯ аъзои оила бошад, хоҳ аъзои ҷамъомад, муоширати наздик кунем, зарфҳо «барои корҳои пуршараф» монда наметавонем (2Тм 2:20, 21). Барои ҳамин биёед бо касоне дӯстӣ кунем, ки Яҳуваро нағз мебинанд ва моро бармеангезанд, ки ба Ӯ хизмат кунем.
ВИДЕОНАВОРИ «АЗ МУОШИРАТИ БАД ДУРӢ ҶУСТАНРО ЁД ГИРЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр мо нафаҳмида бо ёрони бад вақт гузаронида метавонем?
-
Чӣ ба се масеҳӣ ёрдам кард, ки аз муоширати бад дурӣ ҷӯянд?
-
Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас барои интихоби муоширати хуб ба шумо ёрдам карда метавонад?