Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД

Маъракаи даъваткунӣ ба анҷуман

Маъракаи даъваткунӣ ба анҷуман

Ҳар сол мо бесаброна анҷумани минтақавиро интизор ҳастем, то ки аз ин зиёфати рӯҳонӣ баҳра барем. Лекин барои он ки дигарон низ аз ин некӯии Яҳува баҳра баранд, мо шумораи ҳарчи бештари одамонро даъват мекунем (Зб 33:9). Ҳайати пирони ҳар як ҷамъомад бояд ҳама чизро ба назар гирифта ба воизон оиди чӣ тавр маслиҳатҳои зеринро ба талаботи маҳал мувофиқ кардан, дастуроти аниқ диҳанд.

МАЪЛУМОТЕ, КИ ДАР ЁД БОЯД ГИРИФТ

  • Санаи анҷуман

  • Санаи маъракаи паҳнкунии даъватнома

  • Вақти гузаштани вохӯриҳо барои мавъиза

  • Мақсадҳои шумо ҳангоми ин маърака

  • Шахсоне ки ба анҷуман таклиф карданиед

ТАРЗИ ПЕШКАШИ ДАЪВАТНОМА

Баъд аз саломуалек, чунин гуфта метавонед:

«Ҳозир дар тамоми ҷаҳон ба як маросими муҳим даъватнома паҳн шуда истодааст. Вақту ҷойи ин маросим дар даъватнома навишта шудааст. Агар биёед, мо хурсанд мешудем».

ТАРЗИ ИНКИШОФ ДОДАНИ ШАВҚИ ЗОҲИРШУДА

Ҳарчанд мо мехоҳем, ки одамони бештарро ба анҷуман даъват кунем, вале набояд фаромӯш кунем, ки шавқи одамонро инкишоф додан лозим аст.

Дар рӯзҳои истироҳат шумо бо даъватнома маҷалларро низ пешниҳод карда метавонед. Ҳамчунин аз барномаи анҷуман (рус.) баъзе фикрҳои шавқоварро қайд карда метавонед.