Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Рубрикаи нав барои сар кардани сӯҳбат

Рубрикаи нав барои сар кардани сӯҳбат

Аз январи 2016 сар карда дар саҳифаи охири нашри оммавии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» рубрикае бо номи «Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?» баромад. Ин рубрикаи нав ба мо кӯмак мерасонад, ки дар асоси мавзӯъҳои Китоби Муқаддас сӯҳбатро сар кунем. Сохти он ба сохти рисолаҳоямон монанд аст. Дар ин рубрика саволе оварда шудааст, ки нуқтаи назарро ошкор мекунад. Баъди савол аз Китоби Муқаддас ҷавоб оварда шудааст. Ҳамчунин барои муҳокима маводи иловагӣ оварда шудааст.

Одатан сӯҳбати дӯстона дар асоси мавзӯъҳои Китоби Муқаддас имкон медиҳад, ки омӯзиш сар кунем. Бо ёрии ин рубрикаи нав ба одамоне, ки ташнаи ҳақиқатанд, кӯмак расонед (Мт 5:6).

ИСТИФОДАИ РУБРИКАИ НАВ:

  1. Пурсед, ки соҳибхона оиди яке аз саволҳо чӣ фикр дорад?

  2. Ба ҷавоб гӯш диҳед ва раҳмат гӯед

  3. Оятро аз зерсарлавҳаи «Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд» хонед ва оиди он фикри шахсро пурсед. Агар одам вақт дошта бошад, бо ёрии зерсарлавҳаи «Аз Китоби Муқаддас боз чиро фаҳмидан мумкин?» сӯҳбататонро давом диҳед

  4. Маҷалларо (агар мумкин бошад) пешниҳод кунед

  5. Дар бораи боздид гапзанон кунед, то саволи дуюмро муҳокима намоед