БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Шумо ғайрифаъолонро дастгирӣ карда метавонед
Ҳар сол бисёри ғайрифаъолон ба Шоми Ёдбуд ташриф меоранд. Онҳо дар роҳи ҳаёт давиданро сар карданд, лекин бо баъзе сабабҳо суст шуданд. Баъзеи ин сабабҳо дар брошураи «Ба назди Яҳува баргард» оварда шудааст (Ибр 12:1). Яҳува онҳоро хеле қадр мекунад. Ӯ барои онҳо низ Писари Худро қурбон кардааст (Ам 20:28; 1Пт 1:18, 19). Чӣ тавр мо метавонем ба шахсони ғайрифаъол барои ба ҷамъомад баргаштан кӯмак расонем?
Пирони ҷамъомад ғайрифаъолонро ҷуста, ба онҳо кӯмак мекунанд. Онҳо мисли чӯпони меҳрубоне ҳастанд, ки гӯсфанди аз рама гумшударо мекобад (Лқ 15:4–7). Ин ғамхории Яҳува мебошад (Ир 23:3, 4). На танҳо пирони ҷамъомад, балки ҳамаи мо низ метавонем ғайрифаъолонро дастгирӣ кунем. Кӯшишҳои мо ҳамдардӣ ва меҳрубониамонро нишон медиҳад, ки ин ба Яҳува маъқул аст, ва натиҷаҳои хуб оварда метавонад (Мс 19:17; Ам 20:35). Аз ин рӯ, биёед, чунин шахсонро ҷустуҷӯ карда, дастгирӣ кунем ва ин корро ба қафо напартоем!
ВИДЕОНАВОРИ «ҒАЙРИФАЪОЛОНРО ДАСТГИРӢ КУНЕД»-РО ТАМОШО КАРДА, САВОЛҲОИ ЗЕРИНРО МУҲОКИМА КУНЕД:
-
Вақте Эббӣ бо хоҳаре вохӯрд, ки вайро намешиносад, ӯ чӣ кор кард?
-
Агар ба шахси ғайрифаъол ёрдам карданӣ бошем, чаро аввал ба назди пирон равем?
-
Чӣ тавр Эббӣ тайёрӣ дид, то бори дуюм ба пеши Лора равад?
-
Чӣ тавр Эббӣ барои дастгирӣ кардани Лора пуртоқатӣ, истодагарӣ ва муҳаббат нишон дод?
-
Мо аз масали Исо, ки дар Луқо 15:8–10 оварда шудааст, чӣ дарс мегирем?
-
Ёрдаме, ки ба Лора расонда шуд, чӣ баракатҳо овард?