Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Сурудҳои Салтанат далерӣ мебахшанд

Сурудҳои Салтанат далерӣ мебахшанд

Павлус ва Сило ҳангоми дар маҳбас буданашон Худоро бо суруд «ҳамду сано» мехонданд (Ам 16:25). Дар замонҳои Германияи фашистӣ низ, вақте ҳамимонон дар лагери Заксенхаузен маҳбус буданд, сурудҳои Салтанатро месуруданд ва ҳамчунин касоне, ки ба Сибир бадарға шуданд, чунин мекарданд. Мисоли онҳо нишон медиҳад, ки сурудҳо ба масеҳиёне, ки ба таъқиботҳо рӯ ба рӯ мешаванд, далерӣ мебахшанд.

Ба наздикӣ бо бисёр забонҳо китоби нави сурудҳо, бо номи «Ба Яҳува хурсандона сароед», мебарояд. Вақте мо нусхаҳои шахсиамонро мегирем, мо метавонем дар ибодати оилавӣ сурудҳоро хонда, матни онҳоро аз ёд кунем. (Эф 5:19). Ҳангоми озмоишҳо рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад, то онҳоро ба хотир орем. Сурудҳои Салтанат ба мо ёрдам мекунанд, то диққати худро ба умеди доштаамон равона кунем. Онҳо метавонанд ҳангоми озмоишҳо ба мо қувват бахшанд. Ҳамчунин вақте мо хушҳол ҳастем, ин сурудҳоро бо хурсандӣ месароем, чунки ба диламон таъсир мерасонанд (1Вқ 15:16; Зб 32:1–3). Пас, биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то бо хурсандӣ китоби сурудҳои Салтанатро истифода барем!

ВИДЕОНАВОРИ «СУРУДЕ, КИ БА МАҲБУСОН ҚУВВАТ БАХШИД»-РО ТАМОШО КАРДА, САВОЛҲОИ ЗЕРИНРО МУҲОКИМА КУНЕД:

  • Дар чӣ гуна вазъият бародар Фрост суруд эҷод кард?

  • Чӣ тавр суруд бародаронро дар лагери Заксенхаузен қувват бахшид?

  • Чӣ тавр сурудҳои Салтанат шуморо дар ҳар вазъият қувват мебахшанд?

  • Кадом сурудҳои Салтанатро шумо мехостед аз ёд кунед?