БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Онҳоро гарму ҷӯшон пешвоз гиред
Киҳоро? Ҳамаи шахсонеро, ки ба ҷамъомади мо меоянд, хусусан шахсонеро, ки нав омадаанд ё дӯстони мо буданд (Рм 15:7; Ибр 13:2). Ӯ ҳамимони мо буда метавонад, ки аз дигар шаҳр омадааст ё шахси ғайрифаъоле, ки соле як маротиба ба ҷамъомад меояд. Тасаввур кунед, ки дар ҷойи онҳо мебудед, шумо худро чӣ хел ҳис мекардед? Магар шумо онҳоро гарму ҷӯшон пешвоз намегирифтед? (Мт 7:12). Оё шумо кӯшиш мекунед, ки ба Толори Салтанат биёеду касонеро, ки ба вохӯрӣ меоянд, пешвоз гиред ва гусел кунед? Чунин муҳити гарм ва пур аз муҳаббат Яҳуваро ҷалол медиҳад (Мт 5:16). Албатта, мумкин мо ҳар яки онҳоро яку якбора хушомадед гуфта натавонем. Лекин агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, онҳо меҳмоннавозии моро мебинанд. *
Меҳмоннавозии ҳақиқӣ на танҳо дар чорабиниҳои махсус, ба монанди Шоми ёдбуд, нишон дода мешавад, балки ҳамавақт. Вақте меҳмонон омада муҳаббату рафтори моро мебинанд, онҳо Худоро ҳамд мегӯянд ва дар ибодати пок бо мо ҳамроҳ мешаванд (Юҳ 13:35).