Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Намунаи пешниҳодот

Намунаи пешниҳодот

ПЕШНИҲОДИ 1

Савол: Баъзе одамон бо нияти фаҳмидани оянда пеши фолбин мераванд ё ба толеънома рӯ меоранд. Ба фикри шумо ин зарарнок аст ё безарар?

Оят: Ибд 19:31

Давоми гап: Ҳарчанд мо ояндаро фаҳмидан мехоҳем, лекин бояд аниқ кунем, ки ин маълумот аз тарафи кӣ аст.

 

ҲАҚИҚАТРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД

Савол: Барои чӣ имрӯзҳо ҳал кардани проблемаҳо барои одамон ва давлатҳои ҷаҳон душвортар шудааст?

Оят: Вҳ 12:9, 12

Ҳақиқат: Ба қарибӣ Шайтон ва девҳояш нест карда мешаванд. Худо барои ба ин нияташ расидан Салтанати Худро истифода мебарад. Дар бораи ин Салтанат мехостам дафъаи дигар нақл кунам.

ПЕШНИҲОДИ 2 (Боздид)

Савол: Ба фикри шумо вақте Салтанати Худо дар рӯйи замин ҳукмронӣ кунад, ҳаёт чӣ хел мешавад?

Оят: Зб 36:29; Иш 65:21–23

Давоми гап: [Брошураи «Хабарҳои нағз»-ро аз таҷҳизоти элетронӣ нишон диҳед.] Дар дарси 7-уми ин брошура муҳокима карда мешавад, ки ин ваъдаҳо барои мову шумо чӣ маъно дорад. [Бо шахс аз рӯйи ин брошура омӯзиш сар кунед.]

ПЕШНИҲОДИ МАН:

Аз тарзи намунаҳои пешниҳодот истифода бурда пешниҳоди худро тайёр кунед.