Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲАСТӢ 32, 33

Оё шумо барои баракат мубориза мебаред?

Оё шумо барои баракат мубориза мебаред?

32:24–28

Яҳува касонеро баракат медиҳад, ки ҳаёти худро пурра ба хизмати Ӯ бахшидаанду дар пешравии кори Подшоҳии Ӯ саҳм мегузоранд (1Қр 9:26, 27). Вақте мо ба Яҳува хизмат мекунем, бояд рӯҳияеро зоҳир кунем, ки Яъқуб ҳангоми бо фаришта гӯштин гирифтанаш зоҳир карда буд. Хоҳиши сахти ба даст овардани баракати Яҳува дар он зоҳир мегардад, агар мо...

  • ба ҷамъомадҳо нағз тайёрӣ бинем;

  • фаъолона дар хизмат иштирок кунем;

  • ба бародарону хоҳарон бо ҳар роҳ кӯмак расонем.

Новобаста ба душвориҳои ҳаётатон мунтазам ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ кӯмак пурсед ва фидокорона ба Ӯ хизмат намуда барои баракат мубориза бурданро давом диҳед.

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Дар кадом соҳаи ҳаёт ман боз бештар мубориза бурда метавонам, то баракати Яҳуваро ба даст орам?»