Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Худоҳои бегонаро... дур созед»

«Худоҳои бегонаро... дур созед»

Дар замонҳои Яъқуб Яҳува ҳоло бар зидди бутпарастӣ қонун надода буд, вале ӯ медонист, ки танҳо Яҳува сазовори ибодат аст (Хр 20:3–5). Аз ин рӯ, вақте Яҳува ба Яъқуб гуфт, ки ба Байт-Ил баргардад, ӯ ба ҳамаи онҳое, ки бо ӯ буданд, амр дод, ки аз бутҳо халос шаванд. Сипас Яъқуб тамоми бутҳо, аз ҷумла гӯшворҳоеро, ки эҳтимол, чун тӯмор истифода мебурданд, нест кард (Ҳс 35:1–4). Бешубҳа, Яҳува аз ин кори Яъқуб хеле хурсанд шуд.

Чӣ тавр мо имрӯз ба Яҳува пурра содиқ монда метавонем? Мо бояд аз ҳар чизе ки бо бутпарастӣ ё ҷодугарӣ алоқаманд аст, худро дур гирем. Масалан, ҳар гуна ашёҳоеро, ки бо ҷодугарӣ алоқаманд аст, нест кунем ва ҳамчунин дар интихоби вақтхушӣ эҳтиёткор бошем. Аз худ пурсед: «Оё китобҳо ё филмҳое, ки дар бораи хунхӯрон (вампир), мурдаҳои зиндашуда (зомби) ё чизҳои ғайритабиӣ мебошанд, ба ман маъқуланд? Оё дар ягон вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, сеҳру ҷоду ва куфу суф чун шӯхии безарар тасвир ёфтааст?» Мо бояд аз ҳар чизе ки Яҳува аз он нафрат дорад, худро дур гирем (Зб 96:10).

ВИДЕОНАВОРИ «БА ИБЛИС МУҚОБИЛАТ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Пелеса, ки Китоби Муқаддас меомӯхт, бо чӣ рӯ ба рӯ шуд?

  • Чаро дар вазъиятҳое, ки бо рӯҳҳои бад алоқаманданд, ба пирон муроҷиат кардан аз рӯйи хирад аст?

  • Ба Иблис муқобилат кунед ва ба Худо наздик шавед (Яқ 4:7, 8)

    Ҳар касе ки ҳимояи Яҳуваро мехоҳад, бояд кадом чизҳоро пурра нест кунад?

  • Пелеса чӣ кор кард?

  • Чӣ тавр шумо худро аз таъсири девҳо ҳимоя карда метавонед?