Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Чӣ тавр шумо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида метавонед?

Чӣ тавр шумо ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дида метавонед?

Аз ҳамин сол сар карда мо барои ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ тайёрӣ дидан вақти бештаре пайдо мекунем. Зеро агар рӯзи Шоми ёдбуд ба байни ҳафта рост ояд, вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» дар ин ҳафта гузаронида намешавад. Агар он ба рӯзҳои истироҳат афтад, пас, нутқи оммавӣ ва омӯзишӣ «Бурҷи дидбонӣ» гузаронида намешаванд. Ин вақти холигиро чӣ тавр дуруст истифода бурдан мумкин аст? Албатта, барои он ки ин чорабинӣ ба таври шоиста гузарад, бояд ҳама чиз, чуноне ки дар асри як буд, пешакӣ тайёр карда шавад (Лқ 22:7–13; km 3.15 саҳ. 1). Вале боз ба ҳамаи мо зарур аст, ки дили худро омода созем. Чӣ тавр?

  • Фикр кунед, ки то чӣ андоза дар ин чорабинӣ иштирок кардан муҳим аст (1Қр 11:23–26).

  • Дуо гӯед ва дар бораи муносибататон бо Яҳува фикр кунед (1Қр 11:27–29; 2Қр 13:5).

  • Оят ва мақолаҳоеро хонед, ки мақсади Шоми ёдбудро мефаҳмонанд ва оидашон мулоҳиза ронед (Юҳ 3:16; 15:13).

Баъзеҳо Китоби Муқаддасро аз рӯйи оятҳое, ки дар брошураи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» оварда шудааст, мехонанд. Дигарон ҷадвалеро, ки дар ин саҳифа ва саҳифаи навбатӣ оварда шудааст, истифода мебаранд. Баъзеи дигар бошанд, мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-ро, ки дар бораи Шоми ёдбуд ва чӣ гуна зоҳир гаштани муҳаббати Яҳува ва Исо мебошанд, мехонанд. Мавод барои омӯзиш гуногун буда метавонад. Вале муҳим он аст, ки омӯзиш моро ба Яҳува ва Исо боз ҳам наздиктар созад.