Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 1 ҚӮРИНТИЁН 10–13

Яҳува амину вафодор аст

Яҳува амину вафодор аст

10:13

Яҳува, бешубҳа, моро аз озмоиш халос карда метавонад. Аммо Ӯ бисёр вақт ба мо тамоми чизҳои лозимаро медиҳад, то дар озмоиш истодагарӣ карда тавонем.

  • Яҳува ба воситаи Каломаш, рӯҳи муқаддас ва ғизои рӯҳонӣ моро рӯҳбаланд мекунад ва ба дилу ақламон оромӣ мебахшад (Мт 24:45; Юҳ 14:16; Рм 15:4).

  • Ӯ ба воситаи рӯҳи муқаддас моро роҳнамоӣ карда принсипҳо ва воқеаҳоро аз Калом ба ёдамон меорад, то ки қарори дуруст қабул кунем (Юҳ 14:26).

  • Яҳува ба воситаи фариштагонаш ба мо ёрдам мекунад (Ибр 1:14).

  • Ӯ моро ба воситаи бародару хоҳарон тасаллӣ медиҳад (Қл 4:11).