Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

«Инак ман ҳозирам, маро бифирист»!

«Инак ман ҳозирам, маро бифирист»!

Ҳамаи мо бояд аз Ишаъё ибрат гирем. Ҳарчанд ӯ пурра намедонист, ки вазифааш аз чӣ иборат мешавад, имонашро нишон дод ва барои иҷрои хости Худо тайёр буд (Иш 6:8). Оё шумо метавонед корҳои худро тавре ҷо ба ҷо кунед, то дар ҷое, ки дар он воизон хеле даркоранд, хизмат кунед? (Зб 109:3). Албатта, пеш аз кӯчидан шумо бояд «аввал нишаста харҷи онро ҳисоб» кунед (Лқ 14:27, 28). Лекин кӯшиш кунед, ки бо тайёрӣ ва омодагӣ ба Худо қурбонӣ оваред (Мт 8:20; Мқ 10:28–30). Чи хеле ки дар видеонавори «Ба ҷое, ки ба воизон ниёзи калон аст, мекӯчем», гуфта шуда буд, баракатҳое, ки мо аз хизмат ба Яҳува мегирем, ба ҳама кӯшишу қурбониҳо меарзанд.

БАЪД АЗ ТАМОШО КАРДАНИ ВИДЕО, БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Барои ба Эквадор кӯчидан оилаи Уилямсҳо аз баҳри чӣ гузаштанд?

  • Пеш аз кӯчидан онҳо чиро ба назар гирифтанд?

  • Онҳо соҳиби кадом баракатҳо шуданд?

  • Дар бораи ҷойҳое, ки ниёз ба воизон бештар аст, аз куҷо маълумот гирифтан мумкин аст?

ДАР ВАҚТИ ИБОДАТИ ОИЛАВИИ НАВБАТӢ ИН САВОЛҲОРО ДИДА БАРОЕД:

  • Чӣ тавр мо якҷоя бо оилаамон доираи хизматамонро васеъ карда метавонем? (km 8.11 4–6)

  • Агар мо дар он ҷое, ки воизон хеле даркоранд, хизмат карда натавонем, чӣ тавр ба ҷамъомади худ ёрдам карда метавонем? (w16.03 23–25)