Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дониш дар бораи Худо бар зидди нажодпарастӣ

Дониш дар бораи Худо бар зидди нажодпарастӣ

Яҳува рӯйбин нест (Ам 10:34, 35). Дар назари Ӯ «ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» баробаранд (Вҳ 7:9). Масеҳиёни ҳақиқӣ набояд миллатпараст, маҳалчӣ ё шиносбоз бошанд (Яқ 2:1–4). Яҳува ба воситаи ташкилоташ моро таълим медиҳад. Ин ба мо ёрдам кард, ки хислатҳоямонро дигар кунем ва дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ кунем (Иш 11:6–9). Вақте мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як нишонаи рӯйбиниро аз дилам решакан кунем, нишон медиҳем, ки ба Худо писанд омадан мехоҳем (Эф 5:1, 2).

ВИДЕОНАВОРИ «ҶОНИ ВА ГИДЕОН: АВВАЛ ДУШМАН БУДАНД, ҲОЛО БАРОДАРОНАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Ҳарчанд одамон ноинсофию миллатчигиро бартараф карда наметавонанд, чаро боварӣ доштан мумкин аст, ки таълими Яҳува аз ин ҷиҳат болотар аст?

  • Аз бародарии умумиҷаҳонӣ чӣ ба шумо маъқул аст?

  • Вақте мо ягонагиро байни хоҳару бародарон нигоҳ медорем, чӣ тавр Яҳуваро ҷалол медиҳем?