Замин аз шинохтани Яҳува пур мешавад
Чӣ тавр ин пешгӯӣ ба исроилиён дахл дошт?
-
Вақти баргаштан аз Бобил, ҳангоми зиндагӣ дар замини ваъдашуда, ба исроилиён аз тарафи ҳайвоноти ваҳшӣ хатар таҳдид намекард (Эз 8:21, 22).
Чӣ хел ин пешгӯӣ ба рӯзҳои мо дахл дорад?
-
Дониш дар бораи Яҳува шахсияти моро дигар кардааст. Касоне, ки пештар бадқаҳр буданд, орому сулҳҷӯ шуданд. Дониш дар бораи Худо биҳишти рӯҳониро ба вуҷуд овард.
Чӣ тавр ин пешгӯӣ дар оянда иҷро мешавад?
-
Тамоми замин биҳишт мешавад. Ҳамаи мо, чи хеле ки Худо аз аввал мехост, дар сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунем. Ягон одам, ҳайвон ва ё дигар офарида зарар намерасонад.