Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба воситаи китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» одамонро ба ҳақиқат ҷалб кунед

Ба воситаи китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» одамонро ба ҳақиқат ҷалб кунед

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ? Барои Яҳуваро ба таври дуруст ибодат кардан, одамон бояд бо талаботи Ӯ шинос шаванд ва ба он мувофиқат кунанд (Иш 2:3, 4). Китоби «Муҳаббати Худо» баъди «Таълимот» китоби дуюм барои омӯзиш аст. Он ба омӯзандагон ёрдам мекунад, ки дар зиндагиашон истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гиранд (Ибр 5:14). Вақти таълимдиҳӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки мавзӯъ ба дили омӯзанда таъсир кунад ва дар дилаш хоҳиши амал кардан пайдо шавад (Рм 6:17).

ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД?

  • Нағз тайёрӣ бинед ва дар вақти тайёрӣ ниёзҳои омӯзандаро дар хотир доред. Саволҳое диҳед, ки ба шумо барои фаҳмидани фикри омӯзанда ёрдам кунанд (Мс 20:5; be-U саҳ. 259).

  • Аз чорчӯбаҳое, ки дар даруни боб оварда шудаанд, истифода баред ва ба омӯзанда ёрдам кунед, ки фоидаи ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро дарк кунад.

  • Дар масъалаҳое, ки аз виҷдони кас вобастаанд, ба омӯзанда ёрдам кунед, то мулоҳиза кунад, лекин ба ҷойи вай қарор қабул накунед (Ғл 6:5).

  • Боодобона фаҳмед, ки оё ба омӯзандаатон барои ба кор бурдани ягон принсипи Китоби Муқаддас кӯмак лозим аст ё не. Баъд ӯро меҳрубонона барангезед, ки аз муҳаббат ба Яҳува дар ҳаёти худ дигаргунӣ дарорад (Мс 27:11; Юҳ 14:31).