Биёед ба кӯҳи Яҳува бароем
«Дар айёми охир» |
Дар замоне, ки мо ҳозир зиндагӣ мекунем |
«Кӯҳи хонаи Худованд» |
Ибодати поки Яҳува, ки аз дигар тарзҳои ибодат баландтар аст |
«Ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд» |
Касоне, ки ибодати покро қабул мекунанд, дар ягонагӣ ҷамъ мешаванд |
«Биёед, ба кӯҳи Худованд... бароем» |
Парастандагони ҳақиқии Худо дигаронро даъват мекунанд, то ба онҳо ҳамроҳ шаванд |
«Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем» |
Яҳува ба воситаи Каломаш ба мо роҳи ростро нишон медиҳад ва ёрӣ мерасонад, ки бо он равем |
«Ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» |
Ишаъё гуфт, ки халқи Худо яроқу аслиҳаи ҷангиро ба асбобҳои деҳқонӣ табдил медиҳанд ва аз пайи сулҳ мешаванд. Дар замонҳои Ишаъё ин асбобҳо чӣ буданд? |
«Шамшерҳои худро ба амочҳо» |
1 Амоч асбобест, ки қисми поза буда бо он заминро шудгор мекарданд. Баъзе амочҳо аз мис ё биринҷ сохта мешуданд (1Пш 13:20). |
«Найзаҳои худро ба досколаҳо» |
2 Досколаҳо шояд мисли корди каҷ, мисли дос буданд ва барои буридани навдаҳои ангур истифода мешуданд (Иш 18:5). |