БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дар васфи Яҳува хурсандона сароед
Вақте ки Павлус ва Сило дар маҳбас буданд, онҳо дар васфи Яҳува суруд хонда Ӯро ҷалол доданд (Ам 16:25). Бешубҳа, ин ба онҳо қуввати нав бахшид, то ки озмоишро паси сар карда тавонанд. Вале дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин? Сурудҳое, ки мо дар ҷамъомад месароем ва сурудҳое, ки дар сайтамон ҳастанд, моро рӯҳбаланд месозанд ва ба мо ёрдам мекунанд, ки ҳангоми озмоишҳо ба Худо содиқ монем. Вале аз ҳама муҳимаш онҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Зб 27:7). Ҳайати роҳбарикунанда моро бармеангезад, ки ақаллан якчанд сурудҳоямонро аз ёд кунем. Оё шумо чунин кардед? Мо метавонем дар ибодати оилавӣ сурудҳоямонро сароида матнашро аз худ кунем.
ВИДЕОНАВОРИ «КӮДАКОН ЯҲУВАРО БО СУРУДХОНӢ ҶАЛОЛ МЕДИҲАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр сароидани сурудҳоямон ба мо таъсир мерасонанд?
-
Чӣ тавр шӯъбаи аудио ва видео барои сабти суруд тайёрӣ мебинанд?
-
Чӣ тавр кӯдакон ва волидонашон ба сабти суруд тайёрӣ мебинанд?
-
Аз китоби сурудҳо кадом суруд ба шумо бештар маъқул аст ва чаро?