Суруди 40 ва дуо
Пешгуфтор (3 дақ. ё камтар)
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
«Дар мавъиза ва таълимдиҳӣ ба Павлуси расул пайравӣ кунед» (10 дақ.)
Ам 17:2, 3 — Павлус бо одамон дар асоси Навиштаҳои Муқаддас мулоҳиза меронд ва далелҳо меовард (nwtsty маълумоти омӯзишӣ)
Ам 17:17 — Павлус дар ҳар ҷое, ки одамонро вомехӯрд, мавъиза мекард (nwtsty маълумоти омӯзишӣ)
Ам 17:22, 23 — Павлус мушоҳидакор буд ва кӯшиш мекард, ки дар сӯҳбат мавзӯи умумиро ёбад (nwtsty маълумоти омӯзишӣ)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом (8 дақ.)
Ам 18:18 — Дар бораи назре, ки Павлус карда буд, чӣ гуфтан мумкин аст? (w08 15.5 саҳ. 32, сарх. 5)
Ам 18:21 — Дар мавриди гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ чӣ тавр мо ба Павлус пайравӣ карда метавонем? (nwtsty маълумоти омӯзишӣ)
Шумо дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?
Дар вақти хондани Китоби Муқаддас шумо боз кадом ганҷҳоро ёфтед?
Хониши Китоби Муқаддас (4 дақ. ё камтар): Ам 17:1–15
ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД
Видеонавори боздиди дуюм (3 дақ. ё камтар): Аз намуна барои сӯҳбат истифода баред. Шахсро бо видеонавори «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?» шинос кунед ва онро муҳокима намоед. (Дар вақти намоиш видеонаворро намонед.)
Боздиди сеюм (3 дақ. ё камтар): Барои муҳокимаи саволе, ки дар боздиди дуюм гузоштед, оятеро интихоб намоед. Яке аз адабиёти омӯзиширо пешниҳод кунед.
Омӯзиши Китоби Муқаддас (6 дақ. ё камтар): jl дарси 7
БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
«Хушхабарро ба пуррагӣ мавъиза карда таълим диҳед» (15 дақ.) Муҳокима. Видеонавори «Ибодати оилавӣ. Павлус хушхабарро ба пуррагӣ шаҳодат медод»-ро монед. Сипас саволҳои зеринро диҳед: «Ин оила дар мавриди беҳтар кардани хизмати худ чиро фаҳмид? Онҳо ба кадом ҷиҳатҳои хизмати Павлус пайравӣ карданд? Дар натиҷа онҳо соҳиби кадом баракатҳо шуданд? Шумо аз ин видеонавор дар ибодати оилавиатон чиро истифода бурда метавонед?»
Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад (30 дақ.): jy боби 47
Хулоса ва шарҳи кӯтоҳи барномаи оянда (3 дақ.)
Суруди 12 ва дуо