Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИБОДАТ 12, 13

Аз қонун дар бораи махав дарс гиред

Аз қонун дар бораи махав дарс гиред

13:4, 5, 45, 46, 52, 57

Принсипҳое, ки дар асоси қонунҳо оиди махав мебошанд, дар бораи ҳимоя кардани саломатии рӯҳониамон ба мо чиро таълим медиҳанд?

  • Яҳува ба коҳинон ёд дода буд, ки чӣ тавр касалии махавро зуд муайян кунанд. Имрӯз низ пирони масеҳӣ дарҳол амал карда, ба касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ бемор шудаанд, кӯмак мерасонанд (Яқ 5:14, 15)

  • Исроилиён бояд ҳар чизеро, ки махав ба он гузашта буд, нобуд мекарданд. Имрӯз масеҳиён низ бояд тайёр бошанд, ки ҳатто аз чизҳои барояшон азиз даст кашанд ва нагузоранд, ки ин чизҳо онҳоро ба гуноҳ тела диҳанд (Мт 18:8, 9). Ба ин чизҳо баъзе одатҳо, муошират бо дӯстон ё вақтхушиҳо дохил шуда метавонанд

Аз чӣ маълум мешавад, ки масеҳӣ бо қатъият кӯмаки Яҳуваро қабул кардан мехоҳад?