Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Минбаъд низ маҷаллаҳоро истифода баред

Минбаъд низ маҷаллаҳоро истифода баред

Аз соли 2018 сар карда ҳар як нашри оммавии маҷаллаҳоямон ба як мавзӯъ бахшида шудааст. Ҳамаи ин маҷаллаҳо қисми Маводи таълимиамон мебошанд, барои ҳамин мо онҳоро дар хизмат истифода мебарем. Вақте мо ба саёҳат ё мағоза меравем, якчандтои онҳоро бо худ гирифта метавонем. Албатта, мо ин маҷаллаҳоро барои гузарондани омӯзиш истифода намебарем, лекин онҳо барои бедор кардани шавқи одамон кӯмак карда метавонанд.

Баъди сар кардани сӯҳбат оятро хонед ва мавзӯи маҷаллаеро бардоред, ки ба кас шавқовар буда метавонад. Масалан, агар ӯ оиладор, ғамзада ё касе бошад, ки зери фишор қарор дорад, шумо метавонед чунин гӯед: «Ман ба наздикӣ дар ин бора мақолаи зӯр хондам. Мумкин ба шумо нишон диҳам?» Агар ба шахс шавқовар бошад, метавонед ҳатто дар давоми сӯҳбати аввал нашрияи электронии маҷалларо ба ӯ фиристед. Ҳарчанд мақсади мо паҳн кардани адабиёт нест, маҷаллаҳо метавонанд, барои ёфтани одамони самимӣ ёрӣ расонанд (Ам 13:48).

2018

2019

2020

 

Ба одамони маҳалли шумо кадом мавзӯъ шавқовар аст?