БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо ба пур кардани варақа барои Мактаби воизони хушхабар тайёред?
Оё синни шумо аз 23 то 65 аст ва шумо пешрави доимӣ ҳастед? Оё саломатиатон хуб аст ва шумо дар ҳар ҷое, ки воизон даркоранд, хизмат карда метавонед? Агар ҷавоби шумо ба ин саволҳо мусбӣ бошад, оё дар бораи таҳсил дар Мактаби воизони хушхабар фикр кардед? Дар ин мактаб аллакай ҳазорҳо ҳамсарон ва бародарону хоҳарони муҷаррад таҳсил карданд. Лекин хуб мебуд, агар шумораи бештари бародарони муҷаррад барои таҳсил дар ин мактаб варақаро пур кунанд. Аз Яҳува илтиҷо кунед, ки дар дилатон хоҳиши ба Ӯ бештар хизмат кардан ва ба Исо пайравӣ намуданро зиёд гардонад (Зб 39:9; Мт 20:28; Ибр 10:7). Сипас фикр кунед, ки оё дар кор ё оила ягон ӯҳдадорӣ доред ё қарздор ҳастед? Агар ҳа, оё ин вазъиятро дигар карда метавонед, то ба талабот ҷавобгӯ бошед?
Хатмкунандагони ин мактаб дар кадом намудҳои хизмат иштирок карда метавонанд? Баъзеи онҳо ба минтақаҳое таъйин шуданд, ки ба забони дигар гап мезананд. Ё онҳоро барои мавъиза кардан дар ҷойҳои серодами шаҳрҳои калон таъйин намуданд. Баъзеи дигарашон бошанд, баъдтар ҷонишини нозири ноҳиявӣ, нозири ноҳиявӣ ё миссионер шуда хизмат карданд. Дар бораи корҳое, ки дар хизмати Яҳува карда метавонед, мулоҳиза ронда, ба рӯҳияи Ишаъё-пайғамбар пайравӣ кунед. Ӯ чунин гуфта буд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш 6:8).
ВИДЕОНАВОРИ «МИССИОНЕРОНИ ДАРАВГАР»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Чӣ тавр пешравон барои хизмати миссионерӣ интихоб карда мешаванд?
-
Миссионерон кадом корҳоро мекунанд?
-
Баъзе баракатҳои хизмати миссионерӣ кадоманд?