Муҳаббат ба Яҳува бояд аз муҳаббат ба оила пурзӯртар бошад
Вақте шахси наздикамонро аз ҷамъомад хориҷ мекунанд, вафодории мо ба Худо санҷида мешавад. Чунки мо бояд бо ин аъзои оилаамон дигар муошират накунем. Албатта, ин кор осон нест, лекин дастуре, ки Яҳува ба Ҳорун дод, аниқу равшан нишон медиҳад, ки муҳаббат ба Яҳува бояд аз муҳаббат ба узви оилаамон, ки гуноҳ кардааст, пурзӯртар бошад.
Касоне, ки ба дастуроти Яҳува нисбати шахсони хориҷшуда итоат мекунанд, соҳиби кадом баракатҳо мешаванд? (1Қр 5:11; 2Юҳ 10, 11)