БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба вазъият мутобиқ шавед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар одамони ҳар миллату нажодро даъват мекунанд, ки «оби ҳаётро муфт» гиранд (Вҳ 22:17). «Оби ҳаёт» ҳама чизҳоеро тасвир мекунад, ки Яҳува барои аз гуноҳу марг наҷот додани одамони итоаткор пешбинӣ намудааст. Барои кӯмак кардан ба одамоне, ки урфу одат ва эътиқоди гуногун доранд, мо бояд «хушхабари абадиро» тавре расонем, ки ба онҳо таъсир кунад (Вҳ 14:6).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Мавзӯъ ва оятеро интихоб намоед, ки ба дили одамони маҳаллатон таъсир расонад. Шумо метавонед пешниҳод ё маводеро истифода баред, ки то ин дам натиҷаи хуб меовард. Оиди ин саволҳо фикр кунед: «Ба одамон бештар кадом мавзӯъ ва оятҳо маъқуланд? Дар бораи кадом хабарҳои охирин онҳо бештар гап мезананд? Мардон ба кадом мавзӯъ шавқ доранду занон ба кадом мавзӯъ?»
-
Бо одамон тавре саломуалек кунед, ки ба маҳалатон хос аст (2Қр 6:3, 4)
-
Бо адабиёт ва видеонаворҳое, ки дар Маводи таълимӣ ҳастанд, шинос шавед, то онро ба шахсе, ки шавқ зоҳир менамояд, нишон дода тавонед
-
Адабиёт ва видеонаворҳоро ба забони одамоне, ки дар маҳаллатон вомехӯред, боргирӣ кунед
-
Мавзӯи сӯҳбататонро ба талаботи соҳибхона мутобиқ кунед (1Қр 9:19–23). Масалан, агар шумо пай баред, ки соҳибхона ба наздикӣ касеро аз даст додааст, чӣ мегӯед?
ВИДЕОНАВОРРО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Воиз дар асоси кадом мавзӯъ бо соҳибхона сӯҳбатро сар кард?
-
Дар ҳаёти соҳибхона чӣ рӯй додааст?
-
Дар ин маврид кадом оятҳо бештар мувофиқ буданд ва чаро?
-
Чӣ тавр шумо пешниҳодатонро ба одамони маҳаллатон мутобиқ мекунед?