Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЗАБУР 59–67

Яҳува — Шунавандаи дуоҳоро ҳамд гӯй

Яҳува — Шунавандаи дуоҳоро ҳамд гӯй

Дар бораи ваъдаҳоятон ба Яҳува дуо гӯед

60: 2, 9

  • Агар шумо дар бораи ваъдаҳоятон ба Яҳува дуо гӯед, Ӯ ба шумо қувват медиҳад, то онҳоро иҷро кунед

  • Ваъдаи муҳимтаринро шахс вақте медиҳад, ки таъмид гирифта ҳаёташро ба Яҳува мебахшад

Ҳанно

Дили худро дар дуо ба Яҳува кушоед. Ин тавр шумо бовариатонро ба Ӯ нишон медиҳед

61:9

  • Дуои мо он вақт пурмазмун мешавад, агар диламонро ба Яҳува кушоем

  • Вақте мо дар дуо аз Яҳува чизеро аниқу равшан мепурсем, он гоҳ беҳтар пай мебарем, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад

Исо

Яҳува дуои ҳама покдилонро мешунавад

64:2, 3

  • Яҳува ба дуоҳои «тамоми навъи башар» гӯш медиҳад, агар онҳо аз таҳти дил дар бораи Ӯ фаҳмидан ва хости Ӯро иҷро кардан хоҳанд

  • Мо кадом вақте хоҳем, ба Яҳува дуо гуфта метавонем

Корнилюс

Дар поён баъзе чизҳоеро ки дар бораашон дуо гуфтан мехоҳед, нависед: