БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳаёти хоксорона ба сар бурда мо Худоро ҷалол медиҳем
Имрӯз одамони гирду атрофи мо зиндагии худро бе чизу чора тасаввур карда наметавонанд ва ин ба мо ҳам таъсир карда метавонад. Барои харидан, истифода бурдан, нигоҳ доштани чизе ё супоридани пули он вақту қувват меравад. Лекин Исо зиндагии одӣ ба сар мебурд. Ҳамин тавр ӯ намегузошт, ки чизу чора диққати ӯро аз хизмат ба Худо парешон созанд (Мт 8:20).
Чӣ тавр шумо ҳаёти худро одӣ гардонда метавонед, то бисёртар хизмат кунед? Оё ягон кас дар оилаи шумо дар ҳаёти худ каме дигаргунӣ дароварда пешрави доимӣ шуда метавонад? Агар шумо аллакай дар хизмати пурравақт бошед, аз худ бипурсед: «Оё чизу чора ҳуши маро ба дигар тараф набурда истодаанд?» Агар мо ҳаёти хоксорона ба сар бурда, ба Яҳува хизмат кунем, хушбахту қаноатманд мешавем (1Тм 6:7–9).
Нависед, ки чӣ тавр ҳаётатонро одӣ гардонда метавонед.