Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЛУҚО 8, 9

Чӣ тавр Исоро пайравӣ кунем?

Чӣ тавр Исоро пайравӣ кунем?

9:62

Агар деҳқон дар вақти шудгор ҳар дам ба ақиб нигоҳ кунад, ҷӯякҳояш рост намешавад. Ба ин монанд, агар ходими Худо аз баъзе чизҳо даст кашаду баъдтар боз дар фикри онҳо шавад, диққаташ парешон мегардад (Фп 3:13).

Ҳангоме ки мо бо душвориҳо дучор мешавем, баъзан гузашта, шояд он вақтҳое, ки Яҳуваро намешинохтем, ба назарамон хуб ва орому осоишта метобанд. Дар чунин лаҳзаҳо мо он чизеро, ки дар асл буд, нодуруст тасаввур мекунем: гӯё душвориҳои пешина ночиз буданду хурсандиҳо беҳадду канор. Исроилиён низ, пас аз он ки Мисрро тарк карданд, ҳамин хел гумон мекарданд (Ад 11:5, 6). Агар мо мисли онҳо фикр кардан гирем, дар мо хоҳиш пайдо мешавад, ки мисли пештара зиндагӣ кунем. Ба ҷойи он ки ин фикрҳои хатарнокро ба сарамон роҳ диҳем, биёед доимо диққатамонро ба баракатҳои ҳозира ва оянда равона кунем (2Қр 4:16–18).