БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД | БАРОИ СОЛИ НАВИ ХИЗМАТӢ МАҚСАДҲО ГУЗОРЕД
Кӯчидан ба ҷое, ки ниёз бештар аст
Барои аз ҷойи шинос ба ҷойи ношинос кӯчида бештар хизмат кардан имон даркор аст (Ибр 11:8–10). Агар шумо ба ҷое, ки ба воизон бештар ниёз ҳаст, кӯчидан хоҳед, чӣ кор карда метавонед? Дар ин бора бо пирони ҷамоататон гап занед. Пеш аз он ки ба ҷое кӯчед, аз адабиётамон дар бораи хизмат дар ҷое, ки ба воизон ниёз ҳаст, хонед. Бо касоне, ки ба дигар ҷой кӯчида, ҷамоати дигарро дастгирӣ мекунанд, суҳбат кунед (Пнм 15:22). Дар дуо аз Яҳува роҳнамоӣ пурсед (Яқ 1:5). Дар бораи ҷое, ки интихоб кардед, маълумот ҷамъ кунед ва, агар имкон бошад, пеш аз баровардани қарори қатъӣ якчанд вақт ба он ҷо рафта, зиндагӣ кунед.
ВИДЕОНАВОРИ «БО ИМОН АМАЛ КАРДА, БА “ДАРИ КАЛОН” ДАРОЕД. БА ҶОЕ КӮЧЕД, КИ НИЁЗ БЕШТАР АСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
-
Ба Габриел чӣ халал мерасонд ва чӣ ба ӯ ёрдам дод?