БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Чӣ тавр аз «Намуна барои суҳбат» истифода бурдан мумкин аст?
Бародарон барои тайёр кардани «Намуна барои суҳбат» бисёр заҳмат мекашанд. Бисёри воизон дар маҳаллҳои худ аз он истифода бурда самараашро мебинанд. Азбаски вазъият дар ҳар ҷо ҳар хел аст, воизон метавонанд дар хизмат савол ё мавзуи дигарро, ки ба маҳаллашон мувофиқтар аст, истифода баранд. Аммо дар вақти маъракаҳои махсус ҳама бояд аз рӯйи дастуроте, ки дар ин вақт дода мешавад, амал кунад. Мақсади мо амри Исоро иҷро намуда хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо паҳн кардан аст (Мт 24:14).
Ҳангоми бо супоришҳо баромад кардан воизон бояд мавзуи «Намуна барои суҳбат»-ро, ки дар дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» оварда шудааст, истифода баранд. Ҳамзамон (агар дастури дигар оварда нашуда бошад) онҳо метавонанд маҳаллашонро ба назар гирифта савол, оят, ҳолати шартӣ ва саволи боздидро дигар кунанд. Ин дастурот ба ҷойи дастуротест, ки дар саҳифаи 8-уми дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» аз моҳи июни соли 2020 оварда шуда буд.