Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Маъракаи махсус дар моҳи сентябр. Дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекунем

Маъракаи махсус дар моҳи сентябр. Дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекунем

Дар моҳи сентябр мо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, то ба одамон фаҳмонем, ки танҳо Подшоҳии Худо тамоми душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонад (Мт 24:14). Чӣ тавр шумо дар ин маърака иштирок карда метавонед? Ягон оятро дар бораи Подшоҳии Худо интихоб кунед ва кӯшиш намоед, ки онро ба шумораи ҳарчи бештари одамон хонед. Агар ягон кас шавқ нишон диҳад, ба ӯ нусхаи нашри оммавии маҷаллаи Бурҷи дидбонии № 2-ро аз соли 2020 пешниҳод кунед. Сипас ӯро тезтар боздид кунед ва ба воситаи китобчаи «То абад зинда бошед!» омӯзишро сар кунед. Дар моҳи сентябр шумо имкон доред, ки пешрави ёвар шуда 15 ё 30 соат хизмат кунед.

Ба наздикӣ Подшоҳии Худо ҳамаи ҳокимиятҳоеро, ки зидди роҳбарии Яҳува мебароянд, нест мекунад (Дн 2:44; 1Қр 15:24, 25). Барои ҳамин биёед дар ин маъракаи махсус фаъолона иштирок намоем ва вафодориамонро ба Яҳува ва Подшоҳии ӯ нишон диҳем.