БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Шумо барои соли нави хизматӣ чӣ мақсадҳо мондед?
Мо дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ мемонем, чунки мехоҳем ба Яҳува бисёртар хизмат кунем ва дили ӯро хурсанд созем. Ин гуна мақсадҳо барои сарф кардани вақту қувват арзандаанд ва ба мо ёрдам мекунанд, ки масеҳии баркамол шавем (1Тм 4:15). Чаро мо бояд вақт аз вақт мақсадҳои рӯҳониамонро аз назар гузаронем? Барои он ки дар ҳаёти мо, шояд, дигаргуниҳо рӯй доданд ва акнун мо наметавонем мисли пештара аз пайи баъзе мақсадҳоямон шавем. Ё, шояд, мо аллакай ба мақсадҳоямон расидем ва бояд мақсадҳои нав монем.
Барои аз назар гузарондани мақсадҳоямон саршавии соли нави хизматӣ вақти мувофиқ мебошад. Оё шумо метавонед ин мавзуъро дар парастиши оилавӣ муҳокима кунед ва барои худ ва оилаатон мақсадҳои нав монед?
Шумо дар мавридҳои зерин чӣ гуна мақсадҳо мондан мехоҳед ва барои ба даст овардани онҳо чӣ кор карданиед?
Хониши Китоби Муқаддас, омӯзиши шахсӣ ва иштирок дар вохӯриҳо (w02-U 15.6 саҳ. 14, 15, сарх. 14, 15).
Хизмат (w23.05 саҳ. 27, сарх. 4, 5).
Хислатҳои масеҳӣ (w22.04 саҳ. 23, сарх. 5, 6).
Дигар мақсадҳо: