ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Ба Яҳува вафодор бошед ва дӯстонро бохирадона интихоб кунед
Ба аммӯниён ва мӯобиён иҷозат набуд, ки «ба ҷамоати Худо дохил» шаванд, чунки онҳо дар гузашта зидди халқи Худо баромада буданд (Нҳё 13:1, 2; it «Аммӯниён»).
Саркоҳин Элёшиб гузошт, ки як марди аммӯнӣ анбори ибодатгоҳро истифода барад (Нҳё 13:4, 5; w13 15.8 саҳ. 4, сарх. 5, 6).
Наҳемё ба Яҳува вафодориашро нишон дода аз анбор чизу чораи душмани Худоро, ки Элёшиб бо вай аҳд баста буд, берун партофт (Нҳё 13:7–9).
Агар мо дӯстонеро интихоб кунем, ки Худоро дӯст намедоранд, оё гуфтан мумкин аст, ки мо ба Яҳува вафодорем? (w96 15.3 саҳ. 16, сарх. 6).
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Яҳува дар бораи интихоби дӯстонам чӣ фикр дорад?»