Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Kokkinakis v. Greece: Droit réservé

Аз чап ба рост: «Идораи давлатии маорифи иёлоти Вирҷинияи Ғарбӣ зидди Барнетт»; «Коккинакис зидди Юнон»; «Ташкилоти динии маҳаллии Таганрог ва дигарон зидди Федератсияи Руссия»; «Ча ва дигарон зидди Кореяи Ҷанубӣ»

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст меорем

Ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст меорем

Вақте душманон кӯшиш карданд, ки пеши роҳи сохтмони ибодатгоҳро гиранд, исроилиён ҳар кори аз дасташон меомадаро карданд, то қонунӣ будани корашонро исбот намоянд (Эз 5:11–16). Ба ин монанд, имрӯз масеҳиён хушхабарро пуштибонӣ намуда, ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст меоранд (Фп 1:7). Бо ин мақсад соли 1936 дар идораи марказӣ шуъбаи ҳуқуқӣ ташкил дода шуд. Имрӯз ин шуъба ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро дар тамоми ҷаҳон ҳимоя мекунад. Чӣ тавр кори ин шуъба ба пешравии кори Подшоҳӣ ва беҳбудии халқи Худо мусоидат мекунад?

ВИДЕОНАВОРИ «ШИНОСОӢ БО ШУЪБАИ ҲУҚУҚИИ ИДОРАИ МАРКАЗӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Шоҳидони Яҳува дар масъалаҳои ҳуқуқӣ бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

  • Мо дар кадом масъалаҳои ҳуқуқӣ ғолибият ба даст овардем? Мисол оред.

  • Чӣ тавр ҳар яки мо «аз хушхабар пуштибонӣ» карда «ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст» оварда метавонем?

  • Мо дар бораи вазъи ҳуқуқие, ки ба халқи Худо таъсир мерасонад ва рӯйхати номи Шоҳидони Яҳува, ки барои имонашон дар маҳбас мебошанд, аз куҷо фаҳмида метавонем?