Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

Оё шумо ба ҳар кор тайёред?

Оё шумо ба ҳар кор тайёред?

Саркоҳин ва дигар коҳинон ҳавобаландӣ карда нагуфтанд, ки барқарор кардани деворҳои Ерусалим кори онҳо нест (Нҳё 3:1).

Баъзе мардони обрӯманд «гардан нафуроварданд» ва дар кори сохтмон ёрдам надоданд (Нҳё 3:5; w06 1.2 саҳ. 10, сарх. 1).

Занони худотарс бо омодагӣ дар ин кори душвору хатарнок иштирок карданд (Нҳё 3:12; w19.10 саҳ. 23, сарх. 11).

Дар ҷамоат лозим мешавад, ки супоришҳои гуногунро ба ҷо орем. Баъзеи онҳо заҳматталабанд, баъзеяшон бошад, пасту назарногир метобанд ва дар бораи баъзе супоришҳоямон бародару хоҳарон, шояд, ҳатто надонанд (w04 1.8 саҳ. 18, сарх. 16).

АЗ ХУД ПУРСЕД: «Оё ман ба хотири хушхабар ба ҳар кор тайёрам?» (1Қр 9:23).