ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
Наҳемё ба худаш муносибати махсусро талаб намекард
Наҳемё аз вазифааш суиистифода намебурд (Нҳё 5:14, 15, 17, 18; w02 1.11 саҳ. 27, сарх. 3).
Наҳемё на танҳо рафти корро назорат мекард, балки остин барзада дар кори сохтмон иштирок менамуд (Нҳё 5:16; w16.09 саҳ. 6, сарх. 16).
Наҳемё аз Яҳува хоҳиш кард, ки ӯро ба ёд орад ва фидокориашро баракат диҳад (Нҳё 5:19; w00 1.2 саҳ. 32).
Ҳарчанд Наҳемё ҳоким буд, ӯ ба худаш муносибати махсусро талаб намекард. Ӯ барои касоне, ки дар ҷамоат таъйиноту уҳдадориҳо доранд, намунаи ибрат аст.
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Оё ман кӯшиш мекунам, ки барои дигарон ягон кор кунам ё интизор мешавам, ки дигарон барои ман ягон кор кунанд?»