Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Онҳо барои мо заҳмат мекашанд

Онҳо барои мо заҳмат мекашанд

Нозирони ноҳиявӣ ва занонашон ба бародару хоҳарон ғамхорӣ менамоянд. Онҳо ҳам мисли дигарон ниёзҳои шахсӣ доранд; баъзан хаставу рӯҳафтода мешаванд ва ташвишу хавотирӣ ҳис мекунанд (Яқ 5:17). Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда онҳо ҳар ҳафта фикр мекунанд, ки чӣ тавр бародарону хоҳаронеро, ки хабар мегиранд, рӯҳбаланд созанд. Нозирони ноҳиявӣ дар ҳақиқат «сазовори эҳтироми дучанданд» (1Тм 5:17).

Вақте ки Павлуси расул хост ба Рум рафта, «атои Худоро» ба аҳли ҷамоати он ҷо расонад, ӯ умед дошт, ки ҳам худаш ва ҳам бародару хоҳарон «аз имони якдигар» рӯҳбаланд мешаванд (Рм 1:11, 12). Оё шумо фикр кардед, ки чӣ хел нозири ноҳиявӣ ва занашро (агар ӯ оиладор бошад) рӯҳбаланд карда метавонед?

ВИДЕОНАВОРИ «ҲАФТАИ ХАБАРГИРИИ ЯК НОЗИРИ НОҲИЯВӢ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр нозирони ноҳиявӣ ва занонашон фидокорона дар бораи ҷамоат ғамхорӣ менамоянд?

  • Чӣ тавр шахсан шумо ғамхории онҳоро ҳис мекунед?

  • Чӣ тавр мо онҳоро рӯҳбаланд карда метавонем?