Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД | АЗ ХИЗМАТ БЕШТАР ХУРСАНДӢ ГИРЕД

Ба дили кас роҳ ёбед

Ба дили кас роҳ ёбед

Инсон бояд аз дилу ҷон ба Худо итоат кунад (Пнм 3:1). Аз ин рӯ ҳангоми таълим додан, мо бояд ба дили омӯзанда роҳ ёбем. Чӣ тавр?

Ба омӯзанда ёрдам кунед, то фаҳмад, ки маълумоти омӯхтааш ба ҳаёт ва муносибати ӯ бо Яҳува чӣ хел таъсир мерасонад. Ба ӯ фаҳмонед, ки чӣ тавр меъёрҳои Китоби Муқаддас муҳаббат, некӣ ва адолати Яҳуваро инъикос мекунанд. Эҳтиёткорона ва меҳрубонона саволҳо дода фаҳмед, ки омӯзандаатон дар бораи чизҳои фаҳмидааш чӣ фикр дорад. Ҳамроҳи ӯ оиди он мулоҳиза ронед, ки агар ақида ва одатҳои нодурусташро дигар кунад, чӣ тавр ҳаёташ беҳтар мегардад. Вақте мефаҳмед, ки омӯзандаатон Яҳуваро самимона дӯст медорад, дилатон аз хурсандии беандозае лабрез мегардад.

ВИДЕОНАВОРИ «МАҲОРАТИ ХУДРО БЕҲТАР ГАРДОНДА, АЗ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН ХУРСАНДӢ ГИРЕД. БА ДИЛИ КАС РОҲ ЁБЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чаро Нита ба Ҷейд чунин савол дод: «Оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза кардӣ?»

  • Чӣ тавр Нита ба Ҷейд ёрдам дод, то фаҳмад, ки меъёрҳои Китоби Муқаддас муҳаббати Яҳуваро нисбати ӯ нишон медиҳанд?

  • Агар ба дили омӯзанда роҳ ёбем, ӯ сӯйи Яҳува қадам монданро сар мекунад

    Чӣ тавр Нита ба Ҷейд ёрдам дод, то фаҳмад, ки чӣ гуна муҳаббаташро ба Яҳува нишон дода метавонад?