Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Далер будан на он қадар душвор аст

Далер будан на он қадар душвор аст

Одами далер — боқувват, нотарс ва боғайрат мебошад. Лекин ин маънои онро надорад, ки вай аз ягон чиз наметарсад. Баръакс, ин маънои онро дорад, ки ӯ нигоҳ накарда ба тарсаш, амал мекунад. Агар мо ба Яҳува, ки сарчашмаи далерии ҳақиқӣ мебошад, такя кунем, Ӯ ба мо далерӣ мебахшад (Зб 28:7). Чӣ тавр ҷавонон далерӣ нишон дода метавонанд?

ВИДЕОНАВОРИ «БА ШАХСОНИ ДАЛЕР ПАЙРАВӢ КУНЕД, НА БА ТАРСОНЧАКОН!»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Дар кадом ҳолатҳо ба ҷавонон далерӣ лозим аст?

  • Кадом воқеаҳои Китоби Муқаддас ба мо далерӣ бахшида метавонанд?

  • Чӣ тавр амали далеронаи мо, ҳам ба худамон ва ҳам ба одамони гирду атрофамон таъсир расонда метавонад?