Яҳува дили шикастаро хор нахоҳад дид
Боби 50-уми китоби Забурро Довуд баъд аз он навишт, ки Нотон гуноҳи бо Батшобаъ содиркардаашро фош намуд. Довуд азоби виҷдон кашид ва фурӯтанона гуноҳашро ба гардан гирифт (2Пш 12:1–14).
Довуд гуноҳи ҷиддие содир карда буд, лекин ӯ ҳанӯз имконият дошт, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ шифо ёбад
-
Пеш аз тавба карданаш виҷдонаш ӯро ғам медод ва ӯ худро ночиз ҳис мекард
-
Ӯ аз гуноҳи кардааш мисли касе ки ҳама устухонҳояш шикаста аст, азоб мекашид
-
Довуд мехост, ки Яҳува ӯро бахшад, аз ҷиҳати рӯҳонӣ шифо диҳад ва хурсандиеро ки пеш ҳис мекард, ба ӯ баргардонад
-
Ӯ фурӯтанона аз Яҳува илтиҷо мекард, ки ба ӯ дили итоаткор диҳад
-
Довуд боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро мебахшад