Бори дилатро ба Яҳува парто
Дар умри худ Довуд бо сахтиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда буд. То вақти навиштани таронаи 54-и Забур ӯ чунин душвориҳоро аз сар гузаронида буд:
-
Мазоҳу масхара
-
Таъқибот
-
Гуноҳи вазнин
-
Бадбахтӣ дар оила
-
Беморӣ
-
Хиёнат
Ҳатто вақте косаи сабраш лабрез шуда буд, Довуд роҳи ҳалли мушкилиҳоро ёфт. Ба ҳамаи касоне ки душвориеро аз сар мегузаронанд, Довуд зери илҳоми илоҳӣ чунин маслиҳатро дод: «Бори дилатро ба Худованд парто».
Чӣ тавр мо ин оятро дар ҳаёти худ ба кор бурда метавонем?
-
Дарди дили худро дар дуо ба Яҳува кушоед. Агар ягон душворӣ, хавотирӣ ва ё ғаме дошта бошед, ҳамаашро ба Ӯ гӯед
-
Аз Каломи Худо ва ташкилоти Ӯ роҳбариву кӯмак ҷӯед
-
Ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то ҳолати худро сабуктар созед. Лекин ҳамзамон принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон накунед.