Ба Яҳува таваккал намо ва некӣ бикун
«Аз ноинсофон ҳасад набар»
-
Комёбии бадкорон зудгузар аст. Аз онҳо ҳасад набаред. Диққати худро пурра ба баракату мақсадҳои рӯҳонӣ равона созед
«Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун»
-
Агар шумо ягон шубҳа ва ё хавотирӣ дошта бошед, дилпур бошед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад. Ӯ ба шумо кӯмак мерасонад, ки ба Ӯ содиқ монед
-
Бо мавъизаи хушхабари Салтанат банд бошед
«Дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт»
-
Барои хониши Каломи Худо ва мулоҳиза вақт ҷудо кунед, то ба Яҳува наздиктар шавед
«Роҳи худро ба Худованд бисупор»
-
Боварии пурра дошта бошед, ки Яҳува ҳар гуна душвориро ҳал карда метавонад
-
Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо муқобилият, таъқибот ва ё вақте дар ҳаққи ташкилотамон тӯҳмат мекунанд, рафтори нек дошта бошед
«Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд»
-
Аз рафторе ки шуморо аз шодӣ ва муҳофизати рӯҳонӣ маҳрум сохта метавонад, дурӣ ҷӯед. Шитобкор ва бемулоҳиза набошед
«Ҳалимон вориси замин хоҳанд буд»
-
Ҳалим бошед ва фурӯтанона интизор шавед, ки Яҳува ҳар гуна беадолатиро аз рӯи замин нест кунад
-
Ҳамимонони худро дастгирӣ кунед ва рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, ки дунёи нави Худо хеле наздик аст