БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Видеонаворҳоро истифода баред
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ:
Ҳангоми тамошои видео одам ҳам чашм ва ҳам гӯшашро ба кор мебарад. Видеонаворҳо кӯмак мекунанд, ки маълумот ба дили инсон таъсир расонаду дар хотираш нақш бандад. Дар истифодаи тасвирҳои таъсирбахш худи Яҳува намунаи беҳтарин гузоштааст (Ам 10:9–16; Вҳ 1:1).
Видеонаворҳои «Оё Худо ном дорад?» (рус.), «Муаллифи Китоби Муқаддас кист?» (рус.) ва «Аз куҷо мо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худост?» (рус.) чун маводи иловагӣ барои бобҳои 2 ва 3 брошураи «Хабарҳои нағз» тайёр шудаанд. Видеонаворҳои «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?», «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад?» (рус.) ва «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» (рус.) одамонро ташвиқ мекунанд, ки бо мо Китоби Муқаддасро омӯзанд ва ба ҷамъомадҳо оянд. Инҳо видеоҳои кӯтоҳ мебошанд. Боз видеонаворҳои дарозмуддат ҳам ҳастанд. Мо метавонем баъзе аз онҳоро ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас барои таълим додани омӯзанда истифода барем (km 5.13 саҳ. 3).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
-
Он видеонавореро ки ба соҳибхона нишон доданиед, пешакӣ аз интернет гиред.
-
Барои бедор кардани шавқи соҳибхона ба ӯ як-ду саволе диҳед, ки ҷавобаш дар видеонавор бошад. Ин саволҳоро пешакӣ тайёр кунед.
-
Видеонаворро якҷоя тамошо кунед.
-
Дар бораи фикрҳои асосии видеонавор сӯҳбат кунед.
ИНРО САНҶИДА БИНЕД:
-
Саҳифаи охирони яке аз рисолаҳоро кушода, ба шахс нишон диҳед. Диққати шахсро ба коде ки дар поёни рисола оварда шудааст, равона кунед. Ба воситаи он код ӯ метавонад видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт»-ро аз интернет тамошо кунад.
-
Видеонавори «Аз куҷо мо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худост»-ро нишон диҳед ва баъд ба дарси сеюми брошураи «Хабарҳои нағз» гузаред.